Барои наҷоти толибилмон рафт, аммо худаш кушта шуд

© Sputnik / Камар АхрорДом учителя математики Ходжа Аъло
Дом учителя математики Ходжа Аъло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Баҳромҷон Ҳакимов, омӯзгори фанни математика дар мактаби № 24-и деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара, субҳи рӯзи 16 сентябр аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шуд
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Пайвандони хонаводаи омӯзгор мегуянд, он субҳи фоҷиабори марзӣ Баҳромҷон Ҳакимов дар бораи ба мактаб рафтани хонандаҳо ба низомиёни қирғиз ҳушдор додааст, аммо дар ҷавоб ба ин таъкидаш худаш ҳадафи тир қарор гирифтааст.
Зуҳро Ҳакимова, ҳамсари Баҳромҷон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон фоҷиаи рухдодаи он субҳро нақл кард.
Ӯ, гуфт тирпарронӣ субҳ шурӯъ шуда, дар вақти мактабравии хонандаҳо довом кардааст. Шавҳараш Баҳромҷон ин вақт ба ҳимояи мактаббачаҳо рафта, аммо худ аз зарби тир ба шаҳодат расидааст.
“Он рӯз ман барои табобат ба осоишгоҳи “Зумрад” қарор доштам ба ман занг задан, ки муаллим захмӣ шудаанд, ба телефонашон занг задам ҷавоб намедод, баъдтар фаҳмидам, ки алакай шаҳид шудаанд” - бо ҳасрат нақл намуд, Ҳакимова.
Бино ба гуфти ӯ, шавҳараш ҳамагӣ 52 сол дошт ва ба ин 26 соли охир омӯзгор. Дар мактаби 24 и деҳаи Хоҷаи Аъло ба толибилмон аз фани математика дарс мегуфт.
© Sputnik / Камар АхрорТрагедия в Ходжа Аъло
Трагедия в Ходжа Аъло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Трагедия в Ходжа Аъло
Нодира Авезова, раиси занҳои ҷамоати Чоркӯҳ изҳор намуд, ки тирпарронии марзбонони Қирғизистон соати дар Хоҷаи Аъло соати 5:30 дақиқаи субҳ, замоне, ки аксари мардум ҳанӯз дар хонаҳои худ хоб буданд шурӯъ шуд ва давоми чанд соат, ки идома кард чандин хонаро ба коми хуну оташ кашид.
“Занону кӯдакон аз ин воқеа фарёд мезаданд. Онҳоро ба ҷойҳои амн ба таҳхона (подвал) ҳо ҷойгир мекарданд, мутаасифона дар ин ҷараён пораҳои тир чандин сокинони наздимарзиро кушту захмӣ гардонд” – зикр кард, масъули ҷамоат.
Бино ба гуфти Авезова то ин замон маркази ҷамоати Чоркӯҳ шоҳиди чунин ваҳшонияти марзӣ нагардида буд. Аз ҳисоби рухдоди ин воқеа даҳҳо нафар ба ҳисоби кӯдакону волидонашон кушта шуда чандин тани дигар шадидан захмӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0