Ҳизби аграрии Тоҷикистон роҳи пешгирӣ аз даргирӣ дар марзро гуфт

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРезультат приграничного конфликта
Результат приграничного конфликта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Ҳизби аграрии Тоҷикистон даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шадидан маҳкум ва роҳи ҳалли ин мушкилотро расонаӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандони кишвар ва расидани хисороти моддию маънавӣ ба онҳо гардид, қатъан маҳкум кардааст.
Ин ҳизби сиёсии Тоҷикистон изҳор кардааст, ки мутаассифона, солҳои охир баҳс ва дар ниҳоят задухӯрдҳои дар назари аввал марзӣ аз ҷониби ҳамсояи наздикамон Қирғизистон ба ҷои кам шудан, рӯ ба афзоиш доранд.
“Мо ба он назарем, ки ҳамагуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хоса миёни ҳамсоякишварҳо набуду нест. Вале, вақте мебинем ҷониби Қиргизистон, бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунгузории байналмиллӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигарро нақз мекунад, чораандешӣ зарур ва ногузир мебошад”, - эълон кардааст Ҳизби аграрии Тоҷикистон.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе иддаои дабири амнияти Қирғизистонро рад кард: ӯ аз ҳузури террористҳои афғон гуфт
Дар ҳамин ҳол Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳалли масоили марзиро, ки ба худ душвориҳои хос дорад, танҳо аз тариқи муколама, гуфтушунидҳои расмӣ ва роҳҳои дипломатӣ имконпазир медонад.
Ёдовар мешавем, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард. Ба оташбас танҳо шаб даст дод.
Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Посухи мақомоту мардум
Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Чониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд.Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Бишкек хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0