Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт? Посухи мақомоту мардум

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Обуна шудан
Шаби сеюм аст, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором буда, садои тиру гулӯла оромии сокинони наздисарҳадиро халалдор намекунад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шаб дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором, бидуни танишу ташаннуҷ гузашт. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мақомоти вилояти Суғд ва сокинони наздимарзӣ аз шаҳри Исфараю ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Истиқоматкунандаҳои ин минтақаҳо, ки ахиран шоҳиди даргирии шадиди пурқурбонӣ буданд, изҳор медоранд, ки шаб садои тире шунида нашуд.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ таъйид кардааст, ки ҳодисае дар марз бо Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Таъкид гардидаст, ки ба ҳолати 8:30-и вақти маҳаллӣ вазъият дар марзи вилоятҳои Ош ва Бодканд муътадил арзёбӣ мешавад.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Таъйиди марги 41 нафар дар даргириҳои ахири марзӣ аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол зикр шудаст, ки хизмати низомиён дар марз бо реҷаи пурзӯр идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки шоми 19 сентябр роҳбарони мақомоти амниятии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймуъмин Ятимов ва Қамчинбек Тошиев протокол ба имзо расонданд.
Бар асоси ин санад, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбиро ба маҳалли доимии худ баргардонанду амнияти сокинонро таъмин намоянд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух дод, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
Лентаи хабарҳо
0