https://sputnik.tj/20220920/dushanbe-iddao-dabir-amniyati-qirghiziston-afghon-1051556089.html
Душанбе иддаои дабири амнияти Қирғизистонро рад кард: ӯ аз ҳузури террористҳои афғон гуфт
Душанбе иддаои дабири амнияти Қирғизистонро рад кард: ӯ аз ҳузури террористҳои афғон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки чунин изҳороти бемасъулиятона метавонанд вазъият дар марзро боз шиддат бахшанд
2022-09-20T17:35+0500
2022-09-20T17:35+0500
2022-09-20T19:46+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
душанбе
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
қирғизистон
бишкек
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон иддаои Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистонро бепоя хонда, масъулияти пайомади изҳороти бардурӯғро ба виҷдони муаллифонаш ҳавола кардааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот мусоҳибаи Имонқулов аз 19 сентябри соли равонро бархоста аз таҳрифи далелу фейкҳо хонда, ҳушдор дод, ки ҳадафи онҳо роҳгум задани мардуми ду кишвар мебошад. Мақомоти тоҷик мушаххас накардаанд, ки кадом иддаоро дар назар доранд, аммо ахиран расонаҳо аз қавли Имонқулов хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон афроди ришдори узви созмонҳои террористӣ ҷангидаанд, ки ба ҳар тараф тир холӣ мекардаанд. "Мо яке аз онҳоро шинохтем, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад. Метавонам таъкид кунам, ки аз ҷониби ишғолгарон намояндагони созмонҳои террористӣ аз кишвари бегона иштирок доштанд", - гуфт Имонқулов. ВУХ Тоҷикистон таъкид намудааст, ки Душанбе имзои протокол аз сӯи роҳбарони мақомоти амниятии ду кишварро истиқбол карда, бар ин аст ки роияи қатъии он барои эътидоли вазъ, оғози музокирот дар ҳамаи масоили дуҷониба мусоидат хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220920/rahmon-mirziyoev-vaz-marz-1051546973.html
душанбе
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, иддао, шиддат, ҳушдор
душанбе, иддао, шиддат, ҳушдор
Душанбе иддаои дабири амнияти Қирғизистонро рад кард: ӯ аз ҳузури террористҳои афғон гуфт
17:35 20.09.2022 (Навсозишуда: 19:46 20.09.2022) Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки чунин изҳороти бемасъулиятона метавонад вазъият дар марзро боз шиддат бахшанд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тоҷикистон иддаои Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистонро бепоя хонда, масъулияти пайомади изҳороти бардурӯғро ба виҷдони муаллифонаш ҳавола кардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот мусоҳибаи Имонқулов аз 19 сентябри соли равонро бархоста аз таҳрифи далелу фейкҳо хонда, ҳушдор дод, ки ҳадафи онҳо роҳгум задани мардуми ду кишвар мебошад.
Мақомоти тоҷик мушаххас накардаанд, ки кадом иддаоро дар назар доранд, аммо ахиран расонаҳо аз қавли Имонқулов хабар доданд, ки аз ҷониби Тоҷикистон афроди ришдори узви созмонҳои террористӣ ҷангидаанд, ки ба ҳар тараф тир холӣ мекардаанд.
"Мо яке аз онҳоро шинохтем, ки шаҳрванди Афғонистон мебошад. Метавонам таъкид кунам, ки аз ҷониби ишғолгарон намояндагони созмонҳои террористӣ аз кишвари бегона иштирок доштанд", - гуфт Имонқулов.
ВУХ Тоҷикистон таъкид намудааст, ки Душанбе имзои протокол аз сӯи роҳбарони мақомоти амниятии ду кишварро истиқбол карда, бар ин аст ки роияи қатъии он барои эътидоли вазъ, оғози музокирот дар ҳамаи масоили дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.