https://sputnik.tj/20220920/rahmon-mirziyoev-vaz-marz-1051546973.html
Раҳмон ба Мирзиёев аз вазъ дар марз иттилоъ дод
Раҳмон ба Мирзиёев аз вазъ дар марз иттилоъ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои ӯзбекистонияшро дар мавриди раванди ахири авзоъ дар марз бо Қирғизистон огоҳ карда, ҷонибҳо ба дӯстию ҳамҷаворӣ таъкид намудаанд 20.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-20T13:22+0500
2022-09-20T13:22+0500
2022-09-20T19:53+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қирғизистон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048881031_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_83adea88438d794bf19b2f7d3878504e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон маълумот дод. "Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия. Ин дар ҳолест, ки қаблан Қосим-ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бо ирсоли паёми ҳамдардӣ ба роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз талафоти ҷонӣ дар марз изҳори андуҳ кард. "Қазоқистон қотеона ҷонибдори ҳалли ҳамаи масоили баҳсӣ аз тариқи сиёсӣ-дипломатӣ мебошад", - изҳор дошт Тоқаев. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.
https://sputnik.tj/20220918/putin-rahmonu-jabborov-rusiya-1051496762.html
қирғизистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/02/1048881031_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_2b244f4d6c0778189d8a7e560c4be73d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , қирғизистон, ӯзбекистон, шавкат мирзиёев, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, сиёсат , қирғизистон, ӯзбекистон, шавкат мирзиёев, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон ба Мирзиёев аз вазъ дар марз иттилоъ дод
13:22 20.09.2022 (Навсозишуда: 19:53 20.09.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои ӯзбекистонияшро дар мавриди раванди ахири авзоъ дар марз бо Қирғизистон огоҳ карда, ҷонибҳо ба дӯстию ҳамҷаворӣ таъкид намудаанд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар бораи рушди ахири вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон маълумот дод.
"Ҷонибҳо, ҳамчунин, баъзе масъалаҳои муҳими муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Қосим-ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон низ бо ирсоли паёми ҳамдардӣ ба роҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон аз талафоти ҷонӣ дар марз изҳори андуҳ кард.
"Қазоқистон қотеона ҷонибдори ҳалли ҳамаи масоили баҳсӣ аз тариқи сиёсӣ-дипломатӣ мебошад", - изҳор дошт Тоқаев.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боиси танишу даргириҳо дар марз мегардад. Даргирии ахири марзӣ 16 сентябр рух додаст, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ аз ҳар ду ҷонибро бар ҷой гузоштааст.