Вокуниши Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ҳамлаи паҳподии Қирғизистон ба масҷид

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ, гуноҳи азим ва нобахшиданист
ДУШАНБЕ, 19 сент — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба ҳамлаи низомиёни Қирғизистон ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров дар 16 сентябр, ки дар натиҷаи он 12 нафар сокини осоиштаи ин диёр зимни ибодат кушта шуданд, вокуниш кард.
Вай ҳамлаи паҳподии Қирғизистон ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қатъиян маҳкум кард
Саидмукаррам Абдуқодирзода, таъкид кардааст, ки золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст.
“Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд” – афзуд ӯ.
Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Пас аз гуфтушунид роҳи Чоркӯҳ - Ворух боз шуд
Ҳамчунин Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки “навореро дидам, ки чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд”.
“Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд”, - қайд кард раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи оқои Абдуқодирзода ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист.
“Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд”, — гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Повреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
ВКД Тоҷикистон Қирғизистонро ба нақзи оташбас муттаҳам кард: ба мулкиён ҳамла карданд
Ёдовар мешавем, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, аз аслиҳаи вазнин, аз ҷумла чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода кардааст.
Ҳадафи ҳамла, ба гуфтаи ин ниҳод, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ буданд.
"Аз ҷумла, 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти "Овчӣ-Қалъача"-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шуд",- гуфтааст манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0