ВКД Тоҷикистон Қирғизистонро ба нақзи оташбас муттаҳам кард: ба мулкиён ҳамла карданд

© Sputnik / Камар АхрорПовреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана
Повреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ далелҳои ҳамла ба инфрасохтори ғайринизомиро пас аз бастани созишнома дар бораи қатъи ҷанг номбар кард
ДУШАНБЕ, 17 сент — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, аз аслиҳаи вазнин, аз ҷумла чархболҳои низомӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода кардааст.
Ҳадафи ҳамла, ба гуфтаи ин ниҳод, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ҷамъиятӣ буданд.
"Аз ҷумла, 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти "Овчӣ-Қалъача"-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шуд",- гуфтааст манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2022
КДАМ Тоҷикистон гуфт, Қирғизистон барои иғвои навбатӣ ба марз нерӯ мекашад
Ин ниҳод қайд мекунад, ки қабл аз эълони қатъи амалиёти ҷангӣ низомиёни қирғиз дар Чоркух, Ворух ва Чоркишлоқ даст ба бетартибиҳо зада, биноҳои истиқоматиро тахриб кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймӯъмин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар бораи оташбас дар марз то соати 14:00 ба вақти Душанбе ба мувофиқа расиданд.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъ ҳоло нисбатан ором буда, вале ҷониби Қирғизистон барои иғвои навбатӣ дар марз нерӯ ҷобаҷо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0