Пас аз гуфтушунид роҳи Чоркӯҳ - Ворух боз шуд

© Sputnik Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане
Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ором буда, ҷонибҳо гуфтушунидҳоро дар бораи риояи оташбас ва тавофуқот давом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Роҳҳои мошингард барои равуо дар минтақаҳои аҳолинишини сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз шуданд.
Ин тасмим дар пайи музокироти ахири гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб, ки 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" доир гардид, гирифта шуд.
"Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд", - афзудааст дафтари матбуоти ҳукумати суғд.
Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот таъкид шудааст, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Повреждённые дома жителей деревни Чоркух из-за перестрелки на границе Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2022
Ҳалокати 28 мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон: Эълони теъдоди тоҷикистониҳои кушташуда дар марз
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0