https://sputnik.tj/20220919/davat-baroi-eloni-ruzi-motam-dar-tojikiston-1051510664.html
Даъват барои эълони рӯзи мотам дар Тоҷикистон
Даъват барои эълони рӯзи мотам дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ, бояд "барои гиромидошти арвоҳи шаҳидон", ки дар ҷараёни ташдиди муноқишаи марзӣ фавтидаанд, чунин иқдом андешида шавад
2022-09-19T09:44+0500
2022-09-19T09:44+0500
2022-09-19T13:13+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
саидҷаъфар исмонов
ҳдт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Сайҷаъфар Усмонзода хостори рӯзи мотами миллӣ эълон шудани 20 сентябр шуд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт. Вай пешниҳод кардааст, ки чунин иқдом “барои гиромидошти арвоҳи шаҳидон” андешида шаванд. "Ҳамлаҳои аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистон дар 6 минтақаи ҳудуди 300 км марзи Тоҷикистон идома доштанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд", - мегӯяд вакили порлумон.Ӯ дар шарҳи муноқиша дар марз қайд кард, кибаъзе аз мансабдорони давлати ҳамсоя гирифтори дасисаи иғвогарони дохилию беруна шуда, ба ғасби заминҳои кишвари Тоҷикистон саргарм шуда, дар чанд соли ахир ҳар бор пас аз эъломи оташбас ва сулҳ миёни тарафҳои даргир, базудӣ оташи фитнаву иғво ва ҷангу кушторро аланга мезанад.Ба гуфтаи вай, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдори хунрезӣ нестанд, мардуми манотиқи наздимарзӣ аз замонҳои қадим муносибатҳои неки ҳамсоягӣ доранд. Аз ин рӯ, Комиссияи байнидавлатии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бояд ҳарчӣ зудтар кори худро анҷом диҳад, гуфт Усмонзода. Мавсуф ҳамчунин ба кулли тоҷиконе, ки рӯзҳои ахир наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд. Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд. Сарбозони ҷумҳурии ҳамсоя ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, инчунин ба Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамла карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин муноқиша 35 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар маҷрӯҳ шуданд
https://sputnik.tj/20220918/gila-dushanbe-jabborov-tojikiston-dushman-1051505954.html
https://sputnik.tj/20220918/halokati-25-mulki-tojikistonihoi-kushtashuda-qirghiziston-1051495929.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват эълон рӯз мотам тоҷикистон
даъват эълон рӯз мотам тоҷикистон
Даъват барои эълони рӯзи мотам дар Тоҷикистон
09:44 19.09.2022 (Навсозишуда: 13:13 19.09.2022) Ба гуфтаи раиси Ҳизби демократи ҷумҳурӣ, бояд "барои гиромидошти арвоҳи шаҳидон", ки дар ҷараёни ташдиди муноқишаи марзӣ фавтидаанд, чунин иқдом андешида шавад
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Сайҷаъфар Усмонзода хостори рӯзи мотами миллӣ эълон шудани 20 сентябр шуд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт.
Вай пешниҳод кардааст, ки чунин иқдом “барои гиромидошти арвоҳи шаҳидон” андешида шаванд.
"Ҳамлаҳои аҳдшиканонаи тарафи Қирғизистон дар 6 минтақаи ҳудуди 300 км марзи Тоҷикистон идома доштанд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон кушта ва садҳо тан захмӣ шудаанд", - мегӯяд вакили порлумон.
Ӯ дар шарҳи муноқиша дар марз қайд кард, кибаъзе аз мансабдорони давлати ҳамсоя гирифтори дасисаи иғвогарони дохилию беруна шуда, ба ғасби заминҳои кишвари Тоҷикистон саргарм шуда, дар чанд соли ахир ҳар бор пас аз эъломи оташбас ва сулҳ миёни тарафҳои даргир, базудӣ оташи фитнаву иғво ва ҷангу кушторро аланга мезанад.
Ба гуфтаи вай, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдори хунрезӣ нестанд, мардуми манотиқи наздимарзӣ аз замонҳои қадим муносибатҳои неки ҳамсоягӣ доранд.
Аз ин рӯ, Комиссияи байнидавлатии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ бояд ҳарчӣ зудтар кори худро анҷом диҳад, гуфт Усмонзода.
Мавсуф ҳамчунин ба кулли тоҷиконе, ки рӯзҳои ахир наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи ду кишвар субҳи 16 сентябр бо шиддати тоза авҷ гирифт. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, низомиёни дидбонгоҳи марзии "Кӯктош"-и отряди марзии Бодканди Қирғизистон созишномаҳоро нақз карда, оташ кушодаанд.
Онҳо ба сӯи дидбонгоҳи "Душанбе"-и отряди сарҳаддии "Исфара" тир холӣ карданд. Сарбозони ҷумҳурии ҳамсоя ба деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, инчунин ба Хистеварз ва Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамла карданд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар ин муноқиша 35 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар маҷрӯҳ шуданд