https://sputnik.tj/20220918/gila-dushanbe-jabborov-tojikiston-dushman-1051505954.html
Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард
Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз душмантарошиҳои ҷониби Қирғизистон интиқод кардааст, ки бо ин кораш вазъ дар марзро шиддат мебахшад
2022-09-18T20:08+0500
2022-09-18T20:08+0500
2022-09-19T15:12+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
қирғизистон
сиёсат
душман
дӯстӣ
вух-и тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон бо дурӯғпароканию душмантарошӣ карда, азм дорад, дар симои Тоҷикистон "таҷовузкор" тасвир созад. Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот баён кардааст. ВУХ Тоҷикистон бо таъкиди он ки ҷониби Қирғизистон борҳо бо нақзи тамоми меъёрҳо қаламрав, сокинони осоиштаю инфрасохтори мулкиро ҳадафи зарба аз аслиҳаи вазнин қарор додаст, афзуд, ин кишвар боз азми душмантарошӣ дорад. Ин ниҳод аз ҷумла зикр кардааст, ки рӯзи 17 сентябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни муроҷиат ба мардумаш дар хитоб ба Тоҷикистон калимаи "душман"-ро кор бурдаст, ки хилофи рӯҳияи дӯстию ҳамсоядории нек мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Ҷабборов ахиран дар робита ба даргириҳои марзӣ аз мардонагии сарҳадбононаш тавсиф кард, ки "дар баробари душман истод шуданд". Вай бо баёни ҳамдардӣ ба пайвандони ҳамватанҳои қурбоншудааш, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ талафоти зиёд додаст. Ҷабборов таъкид намуд, ки талош мекунанд, корҳо барои аломатгузории марзро таҳким бахшанд. Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.
https://sputnik.tj/20220918/putin-rahmonu-jabborov-rusiya-1051496762.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интиқод, душанбе, бишкек, душмантарошӣ
интиқод, душанбе, бишкек, душмантарошӣ
Гилаи Душанбе: Ҷабборов Тоҷикистонро "душман" хитоб кард
20:08 18.09.2022 (Навсозишуда: 15:12 19.09.2022) Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз душмантарошиҳои ҷониби Қирғизистон интиқод кардааст, ки бо ин кораш вазъ дар марзро шиддат мебахшад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҷониби Қирғизистон бо дурӯғпароканию душмантарошӣ карда, азм дорад, дар симои Тоҷикистон "таҷовузкор" тасвир созад.
Ин нуктаро Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот баён кардааст. ВУХ Тоҷикистон бо таъкиди он ки ҷониби Қирғизистон борҳо бо нақзи тамоми меъёрҳо қаламрав, сокинони осоиштаю инфрасохтори мулкиро ҳадафи зарба аз аслиҳаи вазнин қарор додаст, афзуд, ин кишвар боз азми душмантарошӣ дорад.
Ин ниҳод аз ҷумла зикр кардааст, ки рӯзи 17 сентябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни муроҷиат ба мардумаш дар хитоб ба Тоҷикистон калимаи "душман"-ро кор бурдаст, ки хилофи рӯҳияи дӯстию ҳамсоядории нек мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷабборов ахиран дар робита ба даргириҳои марзӣ аз мардонагии сарҳадбононаш тавсиф кард, ки "дар баробари душман истод шуданд".
Вай бо баёни ҳамдардӣ ба пайвандони ҳамватанҳои қурбоншудааш, афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон низ талафоти зиёд додаст. Ҷабборов таъкид намуд, ки талош мекунанд, корҳо барои аломатгузории марзро таҳким бахшанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирӣ ва шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.
Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ гардида, музокираи ҷонибҳо идома дорад.