https://sputnik.tj/20220918/halokati-25-mulki-tojikistonihoi-kushtashuda-qirghiziston-1051495929.html
Ҳалокати 28 мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон: Эълони теъдоди тоҷикистониҳои кушташуда дар марз
Ҳалокати 28 мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон: Эълони теъдоди тоҷикистониҳои кушташуда дар марз
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари зарбаи ҷониби Қирғизистон ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб ва масҷиду хонаҳо дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон 28 сокини мулкӣ ба ҳалокат расиданд 18.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-18T15:17+0500
2022-09-18T15:17+0500
2022-09-18T17:18+0500
дар тоҷикистон
ҳалокат
марз
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051418548_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_47f3c7dbe2b646668a652511d4d0f02b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расман теъдоди қурбониёни даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз ҳисоби сокинони мулкиро эълон намуд. Ба иттилои ВУХ, бар асари зарбаҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб, масҷид ва хонаҳо 28 сокини мулкӣ кушта шуданд, ки миёнашон кӯдакону занони солхӯрда низ ҳастанд. Манбаъ афзуд, ки ҷониби қирғизҳо аз мошини зиреҳпӯш рӯзи 16 сентябр худрави ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумрад тирборон кард. Инчунин нерӯҳои Қирғизистон дар ҷамоати Чилгазӣ хонаҳоро оташ зада, як зани солхӯрдаро куштаанд. Бар замми ин бар асари оташи миномёт аз ҷониби Қирғизистон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони 60 ва 74-cола ба ҳалокат расида, 5 узви хонаводаашон, аз ҷумла ноболиғон маҷруҳ шудаанд. ВУХ афзуд, бо вуҷуди эълони оташбасу имзои санад аз ҷониби роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар ва роҳбарони комиссияҳои тарафҳо, Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, баъди зуҳри 16 сентябр Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои ҳарбию бесарнишинҳо боз зарба задааст. Аз ҷумла бар асари зарба ба мактаби миёнаи рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 сокини мулкӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар масҷиди ҷамоати мазкур 12 нафар кушта шуда, 20 сокини мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Миёни маҷруҳон аз ҷумла кӯдаки 7-сола низ ҳаст, илова намуд ВУХ Тоҷикистон. Дар мавриди ҳалокшудагон миёни низомиён, мақомоти Тоҷикистон феълан изҳори назар накардаанд. Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки дар даргирии ахири марзӣ 36 шаҳрванди ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Даргирии охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16 сентябр рух дода, соатҳо тӯл кашид. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаю маҷруҳ шудаанд. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирию шиддати он муттаҳам мекунанд. Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ шуда, ҷонибҳо барои коҳиши шиддат музокирот доранд.
https://sputnik.tj/20220918/marz-tojikiston-qirghiziston-1051492300.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051418548_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_4fff78c2419444a99b3f863033e45bea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳалокат, марз, қирғизистон
дар тоҷикистон, ҳалокат, марз, қирғизистон
Ҳалокати 28 мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон: Эълони теъдоди тоҷикистониҳои кушташуда дар марз
15:17 18.09.2022 (Навсозишуда: 17:18 18.09.2022) Бар асари зарбаи ҷониби Қирғизистон ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб ва масҷиду хонаҳо дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон 28 сокини мулкӣ ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расман теъдоди қурбониёни даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз ҳисоби сокинони мулкиро эълон намуд.
Ба иттилои ВУХ, бар асари зарбаҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ, мактаб, масҷид ва хонаҳо 28 сокини мулкӣ кушта шуданд, ки миёнашон кӯдакону занони солхӯрда низ ҳастанд.
Манбаъ афзуд, ки ҷониби қирғизҳо аз мошини зиреҳпӯш рӯзи 16 сентябр худрави ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумрад тирборон кард.
"Дар натиҷаи ин ҳамла 5 узви як оила, аз ҷумла ду кӯдак - Асмоаи 6-солаю Имрони 4-cола ва фелдшеру ронанда ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин нерӯҳои Қирғизистон дар ҷамоати Чилгазӣ хонаҳоро оташ зада, як зани солхӯрдаро куштаанд. Бар замми ин бар асари оташи миномёт аз ҷониби Қирғизистон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони 60 ва 74-cола ба ҳалокат расида, 5 узви хонаводаашон, аз ҷумла ноболиғон маҷруҳ шудаанд.
ВУХ афзуд, бо вуҷуди эълони оташбасу имзои санад аз ҷониби роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар ва роҳбарони комиссияҳои тарафҳо, Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, баъди зуҳри 16 сентябр Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои ҳарбию бесарнишинҳо боз зарба задааст.
Аз ҷумла бар асари зарба ба мактаби миёнаи рақами 8-и ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 сокини мулкӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар масҷиди ҷамоати мазкур 12 нафар кушта шуда, 20 сокини мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Миёни маҷруҳон аз ҷумла кӯдаки 7-сола низ ҳаст, илова намуд ВУХ Тоҷикистон.
Дар мавриди ҳалокшудагон миёни низомиён, мақомоти Тоҷикистон феълан изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки дар даргирии ахири марзӣ 36 шаҳрванди ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.
Даргирии охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16 сентябр рух дода, соатҳо тӯл кашид. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаю маҷруҳ шудаанд. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғози даргирию шиддати он муттаҳам мекунанд. Феълан вазъ дар марз нисбатан ором арзёбӣ шуда, ҷонибҳо барои коҳиши шиддат музокирот доранд.