https://sputnik.tj/20220918/mumin-qanoat-akasharif-jura-darvoz-paykara-1051494578.html
Аз Муъмин Қаноат то Акашариф Ҷӯра: Дар Дарвоз пайкараи фарҳангиёни шинохта гузошта мешавад
Аз Муъмин Қаноат то Акашариф Ҷӯра: Дар Дарвоз пайкараи фарҳангиёни шинохта гузошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъату адабиёти тоҷик дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо саҳмгузории соҳибкорон сохта мешаванд 18.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-18T13:40+0500
2022-09-18T13:40+0500
2022-09-18T13:40+0500
дар тоҷикистон
дарвоз
коргоҳ
фарҳанг
сохтмон
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1f/1032190319_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_572c17e5e218a374d2fec8f719b3c639.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Муҷассамаи Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра, Абдулло Назрӣ ва Муъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз барафрохта мешавад, хабар дод "Ховар". Ба иттилои манбаъ, феълан сохтмони муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра ва Абдулло Назрӣ, ки бо сифати баланд амалӣ шуда истодааст, дар ҳоли анҷомёбист. Таъкид шудааст, ки ин иқдом аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида истодааст. "Дар баробари ин дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаихум муҷассама ва Осорхонаи шоир Мӯъмин Қаноат низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад", - омадааст дар иттилоия. Дар феҳрасти ободкориҳои дигар дар ин ноҳия кушодашавии роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи шоҳроҳи Шкев - Қалъаихум ва дар марҳилаи ифтитоҳ қарор доштани аввалин нақби мошингузар дар ноҳияи Дарвоз зикр гардидаст.Таъкид шудаст, ки то 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз 103 иншоот бунёд гарданд, ки 11 адади он аллакай ба истифода дода шудаст.
https://sputnik.tj/20220630/qulla-vmkb-mirsaid-mirshakar-mumin-qanoat-giriftand-1049626968.html
дарвоз
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1f/1032190319_66:0:998:699_1920x0_80_0_0_fac4317ed2628b2bccb04aeb3e8bd6ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дарвоз, коргоҳ, фарҳанг, сохтмон, вмкб
дар тоҷикистон, дарвоз, коргоҳ, фарҳанг, сохтмон, вмкб
Аз Муъмин Қаноат то Акашариф Ҷӯра: Дар Дарвоз пайкараи фарҳангиёни шинохта гузошта мешавад
Муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъату адабиёти тоҷик дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо саҳмгузории соҳибкорон сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Муҷассамаи Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра, Абдулло Назрӣ ва Муъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз барафрохта мешавад, хабар дод "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, феълан сохтмони муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра ва Абдулло Назрӣ, ки бо сифати баланд амалӣ шуда истодааст, дар ҳоли анҷомёбист.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида истодааст.
"Дар баробари ин дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаихум муҷассама ва Осорхонаи шоир Мӯъмин Қаноат низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Дар феҳрасти ободкориҳои дигар дар ин ноҳия кушодашавии роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи шоҳроҳи Шкев - Қалъаихум ва дар марҳилаи ифтитоҳ қарор доштани аввалин нақби мошингузар дар ноҳияи Дарвоз зикр гардидаст.
Таъкид шудаст, ки то 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз 103 иншоот бунёд гарданд, ки 11 адади он аллакай ба истифода дода шудаст.