https://sputnik.tj/20220630/qulla-vmkb-mirsaid-mirshakar-mumin-qanoat-giriftand-1049626968.html
Ду қулла дар ВМКБ расман номи Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноатро гирифтанд
Ду қулла дар ВМКБ расман номи Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноатро гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ қуллаҳои Маяковский ва Октябрский расман ба номи шоирони зиндаёд Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд 30.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-30T12:27+0500
2022-06-30T12:27+0500
2022-06-30T13:04+0500
дар тоҷикистон
вмкб
кӯҳ
мирсаид миршакар
мӯъмин қаноат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031746564_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_7f79da1debfd44d4758f778dda14696f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум номи ду қулларо дар вилоят тағйири ном карданд.Бар хабари котиботи раиси вилояти мазкур, ҳамакнун расман қуллаҳои Маяковский ва Октябрский ба номи шоирони зиндаёди ин диёр, Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд.Манбаъ меафзояд, тағйир додани номи ин ду қулларо вакилони халқи вилоят якдилона дастгирӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки моҳи май дар ҷараёни конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мисаид Миршакар ба раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешниҳод шуд, ки пешниҳод шуд, ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд.Ин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят дастгирӣ ёфт ва ҳамакнун зимни иҷлосия номгузорӣ шудани қуллаҳо расман эълон шуд.Қаблан бо қарори ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ”-ро гирифт.Қуллаи мазкур дар 13-километри шимоли қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.Бо қарори дигари ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.
https://sputnik.tj/20220426/miskinobod-shahrak-nomi-nav-1047985748.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031746564_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_2592867f98b439bcbc3f82d04284f0b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, кӯҳ, мирсаид миршакар, мӯъмин қаноат, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, вмкб, кӯҳ, мирсаид миршакар, мӯъмин қаноат, иҷтимоъ
Ду қулла дар ВМКБ расман номи Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноатро гирифтанд
12:27 30.06.2022 (Навсозишуда: 13:04 30.06.2022) Дар ВМКБ қуллаҳои Маяковский ва Октябрский расман ба номи шоирони зиндаёд Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати шашум номи ду қулларо дар вилоят тағйири ном карданд.
Бар хабари котиботи раиси вилояти мазкур, ҳамакнун расман қуллаҳои Маяковский ва Октябрский ба номи шоирони зиндаёди ин диёр, Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номгузорӣ шуданд.
Манбаъ меафзояд, тағйир додани номи ин ду қулларо вакилони халқи вилоят якдилона дастгирӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май дар ҷараёни конфронси илмиву адабӣ ба ифтихори 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон Мисаид Миршакар ба раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешниҳод шуд, ки пешниҳод шуд, ду қуллаи қаторкӯҳҳои Помир ба номи шоирони шаҳири ин диёр Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат номугузорӣ шаванд.
Ин пешниҳод аз ҷониби раиси вилоят дастгирӣ ёфт ва ҳамакнун зимни иҷлосия номгузорӣ шудани қуллаҳо расман эълон шуд.
Қаблан бо қарори ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.
Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ”-ро гирифт.
Қуллаи мазкур дар 13-километри шимоли қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.
Бо қарори дигари ҳукумат қуллаи 6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.