https://sputnik.tj/20220915/rahmon-uzbekiston-qabr-karimov-ziyorat-1051407455.html
Раҳмон вориди Самарқанд шуд: ӯ нахуст қабри Каримовро зиёрат кард
Раҳмон вориди Самарқанд шуд: ӯ нахуст қабри Каримовро зиёрат кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар назар аст, бо ҳамтоёнаш аз СҲШ ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, амният дар доираи ин созмон ва масъалаи Афғонистонро баррасӣ кунад 15.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-15T09:29+0500
2022-09-15T09:29+0500
2022-09-15T14:17+0500
эмомалӣ раҳмон
сҳш
самарқанд
сиёсат
ислом каримов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051407540_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_d1981502d9da080047de2fd38d359a01.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 15 сентябр барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Ӯзбекистон шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд президенти Тоҷикистонро сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми он кишвар истиқбол гирифтанд.Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид.Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.Ҳамчунин интизор меравад, ки ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо шаваду раванди қабули Белорус ба ҳайси узви ин созмон оғоз гардад.СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.
https://sputnik.tj/20220912/sharikon-tijori-tojikiston-shsh-1051336905.html
https://sputnik.tj/20220912/amniyat-taqsim-mirziyoev-shsh-afghoniston-1051327951.html
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051407540_304:0:3035:2048_1920x0_80_0_0_dc5274643e15bede206817a98cb3447c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, сҳш, самарқанд, сиёсат , ислом каримов
эмомалӣ раҳмон, сҳш, самарқанд, сиёсат , ислом каримов
Раҳмон вориди Самарқанд шуд: ӯ нахуст қабри Каримовро зиёрат кард
09:29 15.09.2022 (Навсозишуда: 14:17 15.09.2022) Президенти Тоҷикистон дар назар аст, бо ҳамтоёнаш аз СҲШ ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, амният дар доираи ин созмон ва масъалаи Афғонистонро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 15 сентябр барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Ӯзбекистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд президенти Тоҷикистонро сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми он кишвар истиқбол гирифтанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.
Ҳамчунин интизор меравад, ки ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо шаваду раванди қабули Белорус ба ҳайси узви ин созмон оғоз гардад.
СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.