https://sputnik.tj/20220912/sharikon-tijori-tojikiston-shsh-1051336905.html
Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?
Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бештар ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рост меояд, ки 4 ададашон аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷориянд
2022-09-12T16:15+0500
2022-09-12T16:15+0500
2022-09-12T19:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
доллар
созмони ҳамкории шанхай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_0:297:2767:1853_1920x0_80_0_0_24e111ce194283b00f0e1a953f7b8328.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муомилоти молии миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ тайи 7 моҳи аввали соли равон ба аз 2 млрду 871 млн доллар расидааст. Дар ин бора хабаргузории "Авесто" бо такя ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додаст. Бино ба иттилои ин манбаъ, тиҷорати Тоҷикистон бо ду кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай - Қирғизистон ва Покистон дар ин муддат коҳиш ёфтааст.Дар баробари ин, афзоиши савдо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба қайд гирифта шудааст. Аз қариб 2,9 млрд доллар ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ, 2,1 млрди он ба воридот рост меояд. Содироти коло аз Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ наздики 800 млн долларро ташкил додаст. Дар зимн Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо дар 7 моҳи аввали соли равон аз 2 млрду 770 млн доллар гузашт. Дар ин давра тавозуни гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари СҲШ манфӣ буда, воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220812/vazi-savdoi-khorijii-tojikiston-chi-peshravi-dorad-1050674403.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045863977_19:0:2750:2048_1920x0_80_0_0_8f39bb13e809ec88abba55537a0ade97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷм, савдо, тоҷикистон, сҳш
ҳаҷм, савдо, тоҷикистон, сҳш
Шарикони тиҷории Тоҷикистон дар СҲШ: бо кӣ савдо зиёд шуду бо кӣ кам?
16:15 12.09.2022 (Навсозишуда: 19:34 12.09.2022) Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон бештар ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рост меояд, ки 4 ададашон аз ҷумлаи шарикони асосии тиҷориянд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Муомилоти молии миёни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ тайи 7 моҳи аввали соли равон ба аз 2 млрду 871 млн доллар расидааст.
Дар ин бора хабаргузории "Авесто" бо такя ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Бино ба иттилои ин манбаъ, тиҷорати Тоҷикистон бо ду кишвари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай - Қирғизистон ва Покистон дар ин муддат коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин, афзоиши савдо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон, Русия, Чин, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба қайд гирифта шудааст.
Аз қариб 2,9 млрд доллар ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз феҳристи СҲШ, 2,1 млрди он ба воридот рост меояд.
Содироти коло аз Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ наздики 800 млн долларро ташкил додаст.
Дар зимн Русия, Қазоқистон, Чин ва Ӯзбекистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо дар 7 моҳи аввали соли равон аз 2 млрду 770 млн доллар гузашт. Дар ин давра тавозуни гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои дигари СҲШ манфӣ буда, воридоти маҳсулот аз ин давлатҳо ба ҷумҳурӣ нисбат ба содирот хеле бартарӣ дорад.