https://sputnik.tj/20220912/amniyat-taqsim-mirziyoev-shsh-afghoniston-1051327951.html
Амният тақсим намешавад: Мирзиёев хост, СҲШ ба Афғонистон кумак кунад
Амният тақсим намешавад: Мирзиёев хост, СҲШ ба Афғонистон кумак кунад
Sputnik Тоҷикистон
СҲШ бояд ба Афғонистон дасти кумак дароз кунад, чун ин ягона роҳест, ки метавонад фазои устувор бо амнияти тақсимнашавандаро дар минтақа эҷод кунад
2022-09-12T10:18+0500
2022-09-12T10:18+0500
2022-09-12T15:07+0500
созмони ҳамкориҳои шанхай
сиёсат
афғонистон
ҳамкорӣ
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1f0b9d11c4d11f30351bdf3ffe7970ce.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад барномаи наверо барои субот ва рушди Афғонистон таҳия кунад, изҳор дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. Ӯ бо нашри мақолае дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд, дар бораи нақши ин созмон дар ҷаҳон андешаронӣ карда, ба вазъи ҷумҳурии ҳамсоя низ дахл кардааст.Ба гуфтаи Мирзиёев, СҲШ бояд ба Афғонистон дасти кумак дароз кунад. Вай муътақид аст, ки ба ин кишвар бояд роҳҳои муассири раҳоӣ аз бӯҳрони дарозмуддат, тавассути мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамгироии он ба равандҳои рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод карда шаванд. "Бо наздик кардани мавқеъҳоямон мо метавонем барномаи нави СҲШ-ро барои Афғонистони осоишта, амн ва шукуфон таҳия кунем", - таъкид кард Мирзиёев. Вай тавзеҳ дод, ки ин ягона роҳи эҷоди фазои устувор дар доираи СҲШ бо амнияти тақсимнашаванда мебошад. "Итминон дорам, ки СҲШ бояд таҷрибаи муваффақияти худро бо Афғонистон табодул кунад. Ин кишвар як ҷузъи ҷудонашавандаи фазои бузурги СҲШ аст", - афзуд президенти Ӯзбекистон. Дар зимн Мирзиёев, бунёди долони фароафғонистониро пешниҳод кард, ки метавонад рамзи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниминтақавӣ гардад. Ӯ муътақид аст, ки татбиқи ин тарҳ натанҳо вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро ҳал мекунад, балки дар таъмини амнияти минтақавӣ низ саҳм мегузорад.
https://sputnik.tj/20220304/mirziyoev-imron-khon-loiha-kalidi-afghoniston-1046541358.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_83:0:804:541_1920x0_80_0_0_79a2c298a339cfe634e6f6bec9372719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев, созмони ҳамкориҳои шанхай, кумак, ёрӣ
мирзиёев, созмони ҳамкориҳои шанхай, кумак, ёрӣ
Амният тақсим намешавад: Мирзиёев хост, СҲШ ба Афғонистон кумак кунад
10:18 12.09.2022 (Навсозишуда: 15:07 12.09.2022) СҲШ бояд ба Афғонистон дасти кумак дароз кунад, чун ин ягона роҳест, ки метавонад фазои устувор бо амнияти тақсимнашавандаро дар минтақа эҷод кунад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай метавонад барномаи наверо барои субот ва рушди Афғонистон таҳия кунад, изҳор дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.
Ӯ бо нашри мақолае дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд, дар бораи нақши ин созмон дар ҷаҳон андешаронӣ карда, ба вазъи ҷумҳурии ҳамсоя низ дахл кардааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, СҲШ бояд ба Афғонистон дасти кумак дароз кунад. Вай муътақид аст, ки ба ин кишвар бояд роҳҳои муассири раҳоӣ аз бӯҳрони дарозмуддат, тавассути мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамгироии он ба равандҳои рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод карда шаванд.
"Бо наздик кардани мавқеъҳоямон мо метавонем барномаи нави СҲШ-ро барои Афғонистони осоишта, амн ва шукуфон таҳия кунем", - таъкид кард Мирзиёев.
Вай тавзеҳ дод, ки ин ягона роҳи эҷоди фазои устувор дар доираи СҲШ бо амнияти тақсимнашаванда мебошад.
"Итминон дорам, ки СҲШ бояд таҷрибаи муваффақияти худро бо Афғонистон табодул кунад. Ин кишвар як ҷузъи ҷудонашавандаи фазои бузурги СҲШ аст", - афзуд президенти Ӯзбекистон.
Дар зимн Мирзиёев, бунёди долони фароафғонистониро пешниҳод кард, ки метавонад рамзи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниминтақавӣ гардад. Ӯ муътақид аст, ки татбиқи ин тарҳ натанҳо вазифаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нақлиётию коммуникатсиониро ҳал мекунад, балки дар таъмини амнияти минтақавӣ низ саҳм мегузорад.