https://sputnik.tj/20220915/muloqot-emomali-rahmon-si-jinpin-imzo-sozishnoma-hamkori-1051410773.html
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сӣ Ҷинпин ва имзои 3 созишномаи нави ҳамкорӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сӣ Ҷинпин ва имзои 3 созишномаи нави ҳамкорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расидааст
2022-09-15T11:50+0500
2022-09-15T11:50+0500
2022-09-15T14:10+0500
дар тоҷикистон
чин
мулоқот
сҳш
самарқанд
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051410615_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_d256417371ab64306fc09350412eeacd.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо раҳбари Чин мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, руасоиҷумҳур дар ин дидор доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.Таъкид шудааст, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст.Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” ҳавасмандии зоҳир карданд.Қайд карда шудааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.Инчунин зикр карда шудааст, ки дар ин дидор алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма иброз гардид.Дар ин робита, кишвардори Тоҷикистон ба дурнамои бузурги ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин ба ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора кард.Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон ва дигар масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули афкор намуданд.Си Ҷинпин дар ин дидор изҳор доштааст, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро дар бораи вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкории зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.Ҳаммчунин ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкории амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми “Осиёи Марказӣ ва Чин” ҳаматарафа таъкид кард.Дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Президенти Тоҷикистон ва раҳбари Чин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин, Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Мардумии Чин ва Протоколи иловагӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба имзо расониданд.Қайд карда шудааст, ки дар охири музокирот Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.
https://sputnik.tj/20220915/rahmon-uzbekiston-qabr-karimov-ziyorat-1051407455.html
https://sputnik.tj/20220912/sharikon-tijori-tojikiston-shsh-1051336905.html
чин
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0f/1051410615_83:0:2812:2047_1920x0_80_0_0_94c9a5970ec3229f980904d191490924.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, имзо, санад, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, мулоқот, самарқанд, сҳш
тоҷикистон, чин, имзо, санад, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, си ҷинпин, мулоқот, самарқанд, сҳш
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сӣ Ҷинпин ва имзои 3 созишномаи нави ҳамкорӣ
11:50 15.09.2022 (Навсозишуда: 14:10 15.09.2022) Дар доираи мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин се санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расидааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо раҳбари Чин мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, руасоиҷумҳур дар ин дидор доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.
Таъкид шудааст, ки дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.
Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва “рушди сабз” ҳавасмандии зоҳир карданд.
Қайд карда шудааст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин зикр карда шудааст, ки дар ин дидор алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”, таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО”, ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма иброз гардид.
Дар ин робита, кишвардори Тоҷикистон ба дурнамои бузурги ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин ба ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора кард.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон ва дигар масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули афкор намуданд.
Си Ҷинпин дар ин дидор изҳор доштааст, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро дар бораи вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкории зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.
Ҳаммчунин ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкории амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми “Осиёи Марказӣ ва Чин” ҳаматарафа таъкид кард.
Дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Президенти Тоҷикистон ва раҳбари Чин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин, Ёддошти тафоҳум дар бораи тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Мардумии Чин ва Протоколи иловагӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба имзо расониданд.
Қайд карда шудааст, ки дар охири музокирот Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват кард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.