Даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik Автомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Обуна шудан
Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон боз дар як қитъаи дигари марзӣ дар миёни ин ду кишвар бо ҳамдигар даргир шудаанд ва дар ин даргирӣ як нафар захм бардоштааст
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik.Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ин даргироро таъйид кард ва хабар додааст, ки тирпарронии навбатӣ миёни марзбонони ду кишвар дар наздикии дидбонгоҳи Достук сурат гирифтааст.
“Марзбонони Тоҷикистон ба сӯйи сарҳадбонони қирғиз оташ кушоданд ва дар навбати худ онҳо низ оташи ҷавобӣ кушоданд”, - хабар додааст КДАМ.
Манбаъ хабар додааст, ки тирпаронӣ дар марз идома дорад. Ҳамзамон манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки дар натиҷаи даргирии навбатӣ як шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба ноором шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма хостааст, ки маълумоти бардурӯғ паҳн накунанд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Манбаъ: Як марзбони тоҷик куштаю 2 нафари дигар маҷруҳ шудаанд
КДАМхабар медиҳад, ки ин иқдом метавонад ба равобити ду кишвар ва ба натиҷаҳои музокироти кишварҳои дӯст таъсири манфӣ расонад ва ҳамчунин ба амнияти миллии Қирғизистон хатари воқеӣ эҷод кунад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Тоҷикистон: Нерӯҳои қирғиз ба Кехи Исфара бо миномёту пулемёт ҳамла карданд
Таъкид шудааст, ки сипас мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои автомату пулемёти Калашников ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт.
"Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ изҳор доштааст, ки дар ин вазъият нерӯҳои Тоҷикистон оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Дар мавриди талафот аз ҷониби Тоҷикистон дар изҳороти нерӯҳои марзбонии КДАМ иттилое дода нашудааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон марзбонони тоҷикро муттаҳам мекунад, ки дар минтақаи муайяннашудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва дар посух ба талаботи низомиёни қирғиз барои тарки ин макон оташ кушодаанд. Таъкид гардидаст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ талафоте нест.
Лентаи хабарҳо
0