https://sputnik.tj/20220913/rusiya-az-armanistonu-ozarboyjon-davat-kard-ki-ba-mutashanniji-vaz-roh-nadihand-1051359327.html
Русия аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки ба ташаннуҷи вазъ роҳ надиҳанд
Русия аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки ба ташаннуҷи вазъ роҳ надиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Русия аз мақолмоти Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки аз идомаи муташаннуҷ кардани вазъ худдорӣ намоянд
2022-09-13T14:20+0500
2022-09-13T14:20+0500
2022-09-13T18:16+0500
дар русия
арманистон
озарбойҷон
вазъ
низомиён
ташаннуҷи вазъ
марз
оташбас
риоя кунад
даъват
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Русия аз Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки низоми оташбасро тибқи изҳороти роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар соли 2020 риоя ва аз ташаннуҷи вазъ дар минтақа худдорӣ намоянд.Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин бора дар сомонаи расмии худ изҳороти расмӣ нашр кардааст.Шаби сешанбе дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташдиди вазъ муттаҳам мекунанд.Ереван даъво дорад, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.Минтақаҳои сарҳадӣ — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик карданд ва даргирӣ сурат гирифт.Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро дар он муттаҳам кард, ки ин кишвар мехоҳад ба раванди сулҳ мушкили эҷод кунад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафоти низомиёни худ хабар доданд.Илова бар ин, ВУХ таъкид кардааст, ки Русия аз таншаннуҷи вазъ дар манотиқи алоҳидаи марзии Арманистону Озарбойҷон, ки шаби 13 сентябр рух додааст изҳори нигаронии шадид мекунанд.Вазорати умури хориҷии Русия дарёфти муроҷиати Арманистонро дар бораи созиш дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар марз таъйид кард."Мо бо Боку ва Ереван тамоси домӣ дорем. Мо аз раҳбарияти Арманистон дархости мусоидат ба ҳалли вазъ дар асоси тавофуқоти мавҷудаи дуҷониба ва тавассути СПАД дарёфт кардем. Умедворем, ки тавофуқе дар натиҷаи миёнаравии Русия барои оташбас аз соати 9:00 рӯзи 13 сентябри соли равон ба вақти Маскав ҳосил шуд, пурра иҷро хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот."Мо идома медиҳем, ки ҳама масъалаҳои баҳсбарангези Арманистон ва Озарбойҷон бояд танҳо тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва дар мавриди масъалаҳои марзӣ дар чаҳорчӯби кори Комиссияи дуҷониба дар бораи аломатгузории марзҳо Арманистону Озарбойҷон ва кумаки машваратии бо кумаки машваратии Русия, ҳал карда шаванд”, - таъкид кардааст ВУХ-и Русия.
https://sputnik.tj/20220913/pashinyan-marz-talafot-armaniston-1051355976.html
https://sputnik.tj/20220913/rasona-armaniston-shiddat-ozarboyjon-saad-1051350916.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазорати хориҷа, изҳорот, ҷанг, озарбойҷон, арманистон, оташбас, вазъ, муташанниҷ
русия, вазорати хориҷа, изҳорот, ҷанг, озарбойҷон, арманистон, оташбас, вазъ, муташанниҷ
Русия аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки ба ташаннуҷи вазъ роҳ надиҳанд
14:20 13.09.2022 (Навсозишуда: 18:16 13.09.2022) Вазорати умури хориҷии Русия аз мақомоти Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки аз идомаи муташанниҷ кардани вазъ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Русия аз Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки низоми оташбасро тибқи изҳороти роҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар соли 2020 риоя ва аз ташаннуҷи вазъ дар минтақа худдорӣ намоянд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар ин бора дар сомонаи расмии худ изҳороти расмӣ нашр кардааст.
Шаби сешанбе дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташдиди вазъ муттаҳам мекунанд.
Ереван даъво дорад, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.
Минтақаҳои сарҳадӣ — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик карданд ва даргирӣ сурат гирифт.
Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро дар он муттаҳам кард, ки ин кишвар мехоҳад ба раванди сулҳ мушкили эҷод кунад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафоти низомиёни худ хабар доданд.
“Мо аз ҷонибҳоро даъват мекунем, ки аз ташннуҷи вазъ худдорӣ кунанд ва оташбасро тибқи изҳороти сеҷонибаи раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон аз 9 ноябри соли 2020, 11 январ ва 26 ноябри соли 2021 қатъиян риоя кунанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Илова бар ин, ВУХ таъкид кардааст, ки Русия аз таншаннуҷи вазъ дар манотиқи алоҳидаи марзии Арманистону Озарбойҷон, ки шаби 13 сентябр рух додааст изҳори нигаронии шадид мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Русия дарёфти муроҷиати Арманистонро дар бораи созиш дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар марз таъйид кард.
"Мо бо Боку ва Ереван тамоси домӣ дорем. Мо аз раҳбарияти Арманистон дархости мусоидат ба ҳалли вазъ дар асоси тавофуқоти мавҷудаи дуҷониба ва тавассути СПАД дарёфт кардем. Умедворем, ки тавофуқе дар натиҷаи миёнаравии Русия барои оташбас аз соати 9:00 рӯзи 13 сентябри соли равон ба вақти Маскав ҳосил шуд, пурра иҷро хоҳад шуд", - омадааст дар изҳорот.
"Мо идома медиҳем, ки ҳама масъалаҳои баҳсбарангези Арманистон ва Озарбойҷон бояд танҳо тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва дар мавриди масъалаҳои марзӣ дар чаҳорчӯби кори Комиссияи дуҷониба дар бораи аломатгузории марзҳо Арманистону Озарбойҷон ва кумаки машваратии бо кумаки машваратии Русия, ҳал карда шаванд”, - таъкид кардааст ВУХ-и Русия.