https://sputnik.tj/20220913/rasona-armaniston-shiddat-ozarboyjon-saad-1051350916.html
Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард
Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард
Sputnik Тоҷикистон
Боку ва Ереван дар оғози даргириҳои марзӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанду аз талафот дар сафи худ хабар медиҳанд. Феълан дар бархе аз нуқот даргирӣ давом дорад
2022-09-13T09:50+0500
2022-09-13T09:50+0500
2022-09-13T12:29+0500
арманистон
саад
амният ва мудофиа
озарбойҷон
даргирӣ
марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/30/1027053026_0:0:2953:1662_1920x0_80_0_0_91807f4f6ef6a2bccb8f7f6d5e820a48.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли расонаҳои арманӣ. Ба иттилои манбаъ, дар бораи дархости кумак аз Маскав ва СААД қаблан хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки таҳти раёсати сарвазир Никол Пашинян баргузор шуд, эълон карда буд. Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд". Таъкид шудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби Арманистон кушта ва захмҳо барҷой гузошта шуданд, ки теъдоди онҳо дақиқ карда мешавад. Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст. Вазорати дифои Озарбойҷон низ дар бораи талафот дар сафҳои худ хабар дод.Вазорати дифои Арманистон ба ҳолати субҳи 13 сентябр эълом кард, ки даргириҳо дар бархе аз бахшҳои марз бо Озарбойҷон идома доранд.Дар зимн зикр мешавад, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо президентҳои Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон ва ҳамчунин бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен вазъ дар марзро баррасӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20220910/zas-spad-amniyat-azo-1051307922.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/30/1027053026_105:0:2836:2048_1920x0_80_0_0_b1c4386f16be76906e2d50f617f09b58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумакхоҳӣ, ереван, даргирӣ, саад
кумакхоҳӣ, ереван, даргирӣ, саад
Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард
09:50 13.09.2022 (Навсозишуда: 12:29 13.09.2022) Боку ва Ереван дар оғози даргириҳои марзӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанду аз талафоти нерӯҳои худ хабар медиҳанд. Феълан дар бархе аз нуқот даргирӣ давом дорад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли расонаҳои арманӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар бораи дархости кумак аз Маскав ва СААД қаблан хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки таҳти раёсати сарвазир Никол Пашинян баргузор шуд, эълон карда буд.
"Дар робита ба таҷовуз ба қаламрави Арманистон ҳукумат аллакай ба Федератсияи Русия, Шӯрои амнияти СММ ва СААД муроҷиат кардааст", - омадааст дар хабар.
Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби Арманистон кушта ва захмҳо барҷой гузошта шуданд, ки теъдоди онҳо дақиқ карда мешавад.
Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.
Вазорати дифои Озарбойҷон низ дар бораи талафот дар сафҳои худ хабар дод.
Вазорати дифои Арманистон ба ҳолати субҳи 13 сентябр эълом кард, ки даргириҳо дар бархе аз бахшҳои марз бо Озарбойҷон идома доранд.
Дар зимн зикр мешавад, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо президентҳои Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон ва ҳамчунин бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен вазъ дар марзро баррасӣ кардааст.