https://sputnik.tj/20220911/betonshikani-bozsozi-roghun-1051315246.html
Бетоншиканию бозсозии роҳ дар Роғун баъди дастури Раҳмон
Бетоншиканию бозсозии роҳ дар Роғун баъди дастури Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳ то маркази шаҳри Роғун ва неругоҳи барқи обии он ҳудуди 11 километрро ташкил дода, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шуда будааст
2022-09-11T12:24+0500
2022-09-11T12:24+0500
2022-09-12T17:30+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
роғун
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086707_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_d52ff401910aa9cdd4486af6cc634490.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои бозсозии роҳ то шаҳри Роғун дастур додааст. Ба иттилои хабаргузории "Ховар", дар пайи супориши раисҷумҳур, дар Роғун навсозии роҳи ҷумҳуриявии даромад ба шаҳр оғоз гардид. Зикр шудааст, ки президент дар сафари ахираш ба сифати роҳ ба Роғун таваҷҷуҳ намуда, хостори бозсозии он шудааст. Манбаъ таъкид кардааст, ки роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе - Ваҳдат - Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии "Роғун" 11 километрро ташкил медиҳад. "Роҳи мазкур дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шудааст, ки то ин давра хароб гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳри Роғун мушкил гардида буд", - омадааст дар иттилоия.Дар марҳилаи аввали корҳои сохтмонии ин роҳ, аз бетоншиканӣ оғоз гардидаст, ки феълан муташаккилона идома дорад. Муовини раиси шаҳри Роғун Парвина Мусозода, изҳор доштаст, ки мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр ҳалли худро ёфта, сабаби рушди инбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20220801/qarz-barq-tojik-roghun-nazdik-1050417234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0e/1032086707_70:0:2801:2048_1920x0_80_0_0_3eebc549274ab4d4b7dc32e05fe129a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, бозсозӣ, сохтмон, роҳ, роғун
оғоз, бозсозӣ, сохтмон, роҳ, роғун
Бетоншиканию бозсозии роҳ дар Роғун баъди дастури Раҳмон
12:24 11.09.2022 (Навсозишуда: 17:30 12.09.2022) Роҳ то маркази шаҳри Роғун ва нерӯгоҳи барқи обии он ҳудуди 11 километрро ташкил дода, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шуда будааст
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои бозсозии роҳ то шаҳри Роғун дастур додааст.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", дар пайи супориши раисҷумҳур, дар Роғун навсозии роҳи ҷумҳуриявии даромад ба шаҳр оғоз гардид.
Зикр шудааст, ки президент дар сафари ахираш ба сифати роҳ ба Роғун таваҷҷуҳ намуда, хостори бозсозии он шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе - Ваҳдат - Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии "Роғун" 11 километрро ташкил медиҳад.
"Роҳи мазкур дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шудааст, ки то ин давра хароб гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳри Роғун мушкил гардида буд", - омадааст дар иттилоия.
Дар марҳилаи аввали корҳои сохтмонии ин роҳ, аз бетоншиканӣ оғоз гардидаст, ки феълан муташаккилона идома дорад.
Муовини раиси шаҳри Роғун Парвина Мусозода, изҳор доштаст, ки мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр ҳалли худро ёфта, сабаби рушди инбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад.