https://sputnik.tj/20220801/qarz-barq-tojik-roghun-nazdik-1050417234.html
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Роғун" ба 800 млн сомонӣ наздик шудааст
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Роғун" ба 800 млн сомонӣ наздик шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқии "Роғун", ки феълан дар ҳоли сохтмон қарор дорад, нерӯ мегирад, аммо пули онро пурра пардохт намекунад
2022-08-01T20:30+0500
2022-08-01T20:30+0500
2022-08-01T20:53+0500
дар тоҷикистон
энергетика
роғун
барқи тоҷик
қарзҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c8b840b41aa664caee6d83f43df5f46e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба 786 млн сомонӣ расидааст. Дар ин бора роҳбарияти "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон ин ширкат ба нерӯгоҳи "Роғун" 56 млн сомонӣ пардохт кардааст. Айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" фаъолият карда, корҳои сохтмонӣ дар майдони он идома доранд. Дар мавриди фурӯши барқи ин нерӯгоҳ дар сурати фаъолшавии он, масъулини "Барқи тоҷик" изҳор доштанд, ки аз тариқи низоми ягонаи энергетикӣ он ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода хоҳад шуд. "Барқи тоҷик" дар шашмоҳаи якуми соли равон дар маҷмуъ 7 млрд 659,3 млн кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 101% таъмин карда шудааст. Интизор меравад, ки дар пайи фаъолшавии нерӯгоҳи "Роғун", Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилиро қонеъ хоҳад кард, инчунин ба содиркунандаи асосии нерӯи сабз дар минтақа табдил хоҳад ёфт. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 141,6 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд 56,5 млн кВт-соат баробар шуд.
https://sputnik.tj/20220714/kamshavii-qarzi-sangtuda-andoz-shirkati-barqi-tojik-1049993533.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_259d3c772c15c4d068921814d58ff134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, барқи тоҷик, роғун
афзоиш, барқи тоҷик, роғун
Қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Роғун" ба 800 млн сомонӣ наздик шудааст
20:30 01.08.2022 (Навсозишуда: 20:53 01.08.2022) Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқии "Роғун", ки феълан дар ҳоли сохтусоз қарор дорад, барқ мегирад, аммо пули онро пурра пардохт намекунад
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба 786 млн сомонӣ расидааст.
Дар ин бора роҳбарияти "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон ин ширкат ба нерӯгоҳи "Роғун" 56 млн сомонӣ пардохт кардааст.
Айни ҳол ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" фаъолият карда, корҳои сохтмонӣ дар майдони он идома доранд.
Дар мавриди фурӯши барқи ин нерӯгоҳ дар сурати фаъолшавии он, масъулини "Барқи тоҷик" изҳор доштанд, ки аз тариқи низоми ягонаи энергетикӣ он ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода хоҳад шуд.
"Барқи тоҷик" дар шашмоҳаи якуми соли равон дар маҷмуъ 7 млрд 659,3 млн кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол намудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 101% таъмин карда шудааст.
Интизор меравад, ки дар пайи фаъолшавии нерӯгоҳи "Роғун", Тоҷикистон на танҳо талаботи дохилиро қонеъ хоҳад кард, инчунин ба содиркунандаи асосии нерӯи сабз дар минтақа табдил хоҳад ёфт.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 141,6 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд 56,5 млн кВт-соат баробар шуд.