https://sputnik.tj/20220907/vazorat-sokhtmon-rusiya-afzoishi-muhojiron-1051211286.html
Муҳоҷирон талаботи сохтмонҳои Русияро ба нерӯи корӣ қонеъ кардаанд
Муҳоҷирон талаботи сохтмонҳои Русияро ба нерӯи корӣ қонеъ кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бахши сохтмони давлатӣ ва сармоягузорӣ дар Русия дар давоми шаш моҳи ахир ширкатҳо бо нерӯи корӣ таъмин буда, дархости ҷалби коргарони иловагӣ накардаанд
2022-09-07T09:40+0500
2022-09-07T09:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳавасмандӣ
сохтмон
коргардони тоҷик
коргарон
зиёд шудан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_9be4288d7d45247c6af7e9356d8d373e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Пас аз лағви маҳдудиятҳои коронавирусӣ шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст.Никита Стасишин, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС дар Форуми иқтисодии "Шарқ" гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия барои кор дар сохтмонҳо меоянд.Вай афзуд, ки маоши бинокорон афзоиш ёфтааст ва ин яке аз сабабҳои аслии маҳбубияти касби сохтмончӣ барои русҳо низ шудааст."Агар мо тамоми ҳаҷми лоиҳаҳои сохтмонии давлатӣ ва сармоягузориро ба назар гирем, дар давоми шаш моҳи охир ҳич ширкати сохтмоние аз мо хоҳиш накардааст, ки нерӯҳои кории иловагиро бо ягон роҳу восита ба сохтусоз ҷазб кунем", - гуфт Стасишин.Ба гуфтаи вай, баробари лағви маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон афзоиши вуруди нерӯи корӣ ба қайд гирифта шудааст."Имрӯз маоши миёна дар сохтмон нисбат ба дигар соҳаҳо бештар аст. Бахусус агар сухан дар бораи кадрҳои соҳибтахассус равад", - таъкид кард муовини вазир.Аз 5 то 8 сентябр дар Владивосток 7-умин Форуми иқтисодии "Шарқ" ҷараён дорад, ки мавзуи аслии он “Роҳ ба сӯйи ҷаҳони бисёрқутбӣ” мебошад. Форумро фонди "Росконгресс" ташкил кардааст.
https://sputnik.tj/20220903/rusiya-markaz-muhojirat-shahrvandon-tojikiston-1051135559.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_328:0:3057:2047_1920x0_80_0_0_866e92bced6f2017433f8e9651a6b969.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сохтмон, русия, афзоиш, муҳоҷирон, ширкат, шикоят, ҳавасманд
тоҷикистон, сохтмон, русия, афзоиш, муҳоҷирон, ширкат, шикоят, ҳавасманд
Муҳоҷирон талаботи сохтмонҳои Русияро ба нерӯи корӣ қонеъ кардаанд
09:40 07.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Дар бахши сохтмони давлатӣ ва сармоягузорӣ дар Русия дар давоми шаш моҳи ахир ширкатҳо бо нерӯи корӣ таъмин буда, дархости ҷалби коргарони иловагӣ накардаанд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Пас аз лағви маҳдудиятҳои коронавирусӣ шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст.
Никита Стасишин, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС дар Форуми иқтисодии "Шарқ" гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия барои кор дар сохтмонҳо меоянд.
Вай афзуд, ки маоши бинокорон афзоиш ёфтааст ва ин яке аз сабабҳои аслии маҳбубияти касби сохтмончӣ барои русҳо низ шудааст.
"Агар мо тамоми ҳаҷми лоиҳаҳои сохтмонии давлатӣ ва сармоягузориро ба назар гирем, дар давоми шаш моҳи охир ҳич ширкати сохтмоние аз мо хоҳиш накардааст, ки нерӯҳои кории иловагиро бо ягон роҳу восита ба сохтусоз ҷазб кунем", - гуфт Стасишин.
Ба гуфтаи вай, баробари лағви маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон афзоиши вуруди нерӯи корӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Имрӯз маоши миёна дар сохтмон нисбат ба дигар соҳаҳо бештар аст. Бахусус агар сухан дар бораи кадрҳои соҳибтахассус равад", - таъкид кард муовини вазир.
Аз 5 то 8 сентябр дар Владивосток 7-умин Форуми иқтисодии "Шарқ" ҷараён дорад, ки мавзуи аслии он “Роҳ ба сӯйи ҷаҳони бисёрқутбӣ” мебошад. Форумро фонди "Росконгресс" ташкил кардааст.