Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро эътироф намуд.

Дар Русия маркази омӯзишии пеш аз муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПассажиры в аэропорту
Пассажиры в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Обуна шудан
Дар ояндаи наздик дар мавриди таъсиси чунин марказҳо барои муҳоҷирони воридотӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон созишномаҳои дахлдор ба имзо хоҳанд расид
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Вуруди қувваи кории хориҷӣ ба Русия 30% афзудааст.
Чунин рақам дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 дар муқоиса бо нишондоди ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Дар ин бора раиси Оҷонси федералии умури миллатҳо Игор Баринов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-24" изҳор дошт.
“Дар муқоиса бо соли 2021 вуруди нерӯи кории хориҷӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисоби намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ 30% афзоиш ёфтааст”, - гуфт ӯ.
Баринов зикр кард, ки аксари онҳо намояндагони Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, воқеан тамоми ҳаҷми муҳоҷир ба ин минтақаҳо рост меояд.
Ба гуфтаи раиси ин ниҳод, ба зудӣ марказҳои омӯзишии пеш аз муҳоҷират барои меҳмонон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсис дода мешаванд, ки дар ояндаи наздик ҳуҷҷатҳои дахлдор барои имзо омода мегардад.
Вай афзуд, ки чунин марказ аллакай дар Ӯзбекистон низ фаъолият дорад.
Cотрудник миграционного центра берет кровь мигранта для тестирования в московском миграционном центре в Сахарове, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Хидматрасонии тиббии ройгон дар Русия барои муҳоҷирон дастрас хоҳад шуд: тафсилот
Қаблан президенти Русия Владимир Путин аз идеяи ташкили марказҳои мутобиқшавӣ барои муҳоҷирон дар Федератсияи Русия пуштибонӣ карда буд.
Дар чанд манотиқи Русия марказҳои мутобиқсозӣ барои шаҳрвандони кишварҳои дигар боз мешавад, ки ин аз бунбасти фазоӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ пешгирӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, бояд дар ин кор созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ ҷалб шаванд.
Ҳамчунин, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев аз тағйирот дар сиёсати муҳоҷират ва як "лоиҳаи мукаммал"-и нави қонуни танзими вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0