https://sputnik.tj/20220906/muttaqi-lavrov-tahqiqoti-hamajoniba-anjom-1051198708.html
Муттақӣ ба Лавров: Таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад шуд
Муттақӣ ба Лавров: Таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати хориҷа ба вазири хориҷаи Русия итминон дод, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба амнияти сафорати Русия дар Кобул таваҷҷуҳи вижа хоҳанд дошт
2022-09-06T15:35+0500
2022-09-06T15:35+0500
2023-02-08T19:45+0500
афғонистон
толибон
сергей лавров
вазорати хориҷаи русия
суҳбати телефонӣ
кобул
инфиҷор
изҳори таслият
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:2331:1312_1920x0_80_0_0_867757223e805a053231f2e1115af909.jpg
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати толибон ахиран бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия суҳбати телефонӣ кардааст, иттилоъ додааст Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи толибон.Оқои муттақи дар ин суҳбат телефонӣ ҳамчунон таъкид доштааст, ки набояд иҷоза дода шавад, то душманон бар равобити наздик ва мусбати ду кишвар таъсири манфӣ бигзоранд.Оқои Балхӣ таъкид дорад, ки Сергей Лавров низ дар ин суҳбат таслияти амиқи худ ба мардуми Афғонистон иброз дошт ва ин рӯйдодро кори созмонҳои "ҷинояткор" байналмилалӣ донист ва бар мубориза бо онҳо таъкид кард.Гуфтанист, ки рӯзи душанбе (5 сентябр) инфиҷор наздикии сифорати Русия рух дод. Вазорати хориҷаи Русия тайид кард, ки дар муҷовирати вурудии бахши консулгарии сифорат ин инфиҷор ба вуқуъ пайвастааст.Холиди Задрон, сухангӯии фармондиҳии амниятии толибон эълом кард, ки як муҳоҷими интиҳорӣ дар наздикии сифорати Русия дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобул, ки мехост худро миёни ҷамъият мунфаҷир кунад, қабл аз расидан ба мақсад, тавассути неруҳои амниятии толибони ҳадаф қарор гирифт ва маводи инфиҷории ҳамроҳашро тарконд.Ӯ ҳамчунон изҳор дошт, ки дар ин рӯйдод барасоси охирин ҷузъиёт чаҳор шаҳрванди Афғонистон ва ду корманди сифорати Русияи кушта шудаанд.Қобил зикр аст, ки ин инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки донишҷӯён барои дарёфт визаи таҳсилиашон ба сифорати Русия рафта буданд.
https://sputnik.tj/20220905/tolibon-niyoze-ahzob-siyosi-afghoniston-nest-1051162141.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/14/1042991159_0:0:1963:1472_1920x0_80_0_0_0feb3c85ae634cf90790aef6e635d1f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, таҳқиқот, вазири хориҷа, суҳбати телефонӣ, амният
афғонистон, русия, таҳқиқот, вазири хориҷа, суҳбати телефонӣ, амният
Муттақӣ ба Лавров: Таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад шуд
15:35 06.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Сарпарасти Вазорати хориҷа ба вазири хориҷии Русия итминон дод, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ба амнияти сафорати Русия дар Кобул таваҷҷуҳи вижа хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати толибон ахиран бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия суҳбати телефонӣ кардааст, иттилоъ додааст Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи толибон.
“Вазири хориҷа ба ҳамтои русиаш ба хотири рӯйдоди ахир дар наздикии сафорати Русия дар Кобул таслият гуфт ва итминон дод, ки таҳқиқот ҳамаҷониба анҷом хоҳад шуд”, - навиштааст оқои Балхӣ дар сафҳаи твиттериаш.
Оқои муттақи дар ин суҳбат телефонӣ ҳамчунон таъкид доштааст, ки набояд иҷоза дода шавад, то душманон бар равобити наздик ва мусбати ду кишвар таъсири манфӣ бигзоранд.
Оқои Балхӣ таъкид дорад, ки Сергей Лавров низ дар ин суҳбат таслияти амиқи худ ба мардуми Афғонистон иброз дошт ва ин рӯйдодро кори созмонҳои "ҷинояткор" байналмилалӣ донист ва бар мубориза бо онҳо таъкид кард.
Гуфтанист, ки рӯзи душанбе (5 сентябр) инфиҷор наздикии сифорати Русия рух дод. Вазорати хориҷаи Русия тайид кард, ки дар муҷовирати вурудии бахши консулгарии сифорат ин инфиҷор ба вуқуъ пайвастааст.
Холиди Задрон, сухангӯии фармондиҳии амниятии толибон эълом кард, ки як муҳоҷими интиҳорӣ дар наздикии сифорати Русия дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобул, ки мехост худро миёни ҷамъият мунфаҷир кунад, қабл аз расидан ба мақсад, тавассути неруҳои амниятии толибони ҳадаф қарор гирифт ва маводи инфиҷории ҳамроҳашро тарконд.
Ӯ ҳамчунон изҳор дошт, ки дар ин рӯйдод барасоси охирин ҷузъиёт чаҳор шаҳрванди Афғонистон ва ду корманди сифорати Русияи кушта шудаанд.
Қобил зикр аст, ки ин инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки донишҷӯён барои дарёфт визаи таҳсилиашон ба сифорати Русия рафта буданд.