Толибон: Ниёзе ба аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон нест

© Представитель движения талибанРуководство Талибана во время совещания
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Муовини вазири адлияи ҳукумати муваққати толибон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ниёзе ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар нест
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ҳукумати толибон аҳзоби сиёсии Афғонистонро ба эҷоди тафриқа миёни мардум муттаҳам кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ Абдукарим Ҳайдар, муовини вазири адлияи ҳукумати муваққати толибон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ин аҳзоб ғайр аз инки ин кишварро ба номҳои мухталиф тақсим кунанд ва мушкилзо барои мардуманд маъно ва кори дигаре надоранд.
“Аҳзоб мардуми Афғонистонро аз назари забонӣ, ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим кардаанд”, - гуфт Ҳайдар.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони шуморе аз аҳзоб сиёсӣ мегӯянд, гурӯҳе (толибон), ки машруъияти дохилӣ ва хориҷӣ надорад наметавонанд дар раванди фаъолияти аҳзоби сиёсӣ монеъ эҷод кунанд.
Грузовики в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Содироти Афғонистон ба беш аз як миллиард доллар расид
Дар ин замина ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон ба раёсати Абдурашид Дӯстум, мегуяд ақвоми Афғонистон ҳақ доранд зери чатри як ҳизб фаъолият кунанд ва ин ҳақ ононаст.
Эҳсони Нерӯ, сухангӯии ҳизби ҷумбиши миллии исломии Афғонистон гуфт, мавҷудияти аҳзоб дар Афғонистон ва ҷаҳон як асл аст ва бояд ба ин асл эҳтиром гузошта шавад.
Лентаи хабарҳо
0