https://sputnik.tj/20220905/vokunishi-tolibon--hamla-saforati-rusiya-kobul-1051187150.html
Вокуниши толибон ба ҳамла алайҳи сафорати Русия дар Кобул
Вокуниши толибон ба ҳамла алайҳи сафорати Русия дар Кобул
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии ҳукумати муваққати толибон ҳамлаи ахир ба сафорати Федератсияи Русия дар Кобулро ба шиддат маҳкум кард
2022-09-05T22:00+0500
2022-09-05T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
толибон
афғонистон
вокуниш
ҳамлаи хунин
ҳамлаи террористӣ
сафорат
кобул
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717676_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_184ad3a64f5b4ad9730b738903b366cf.jpg
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати хориҷаи толибон дар саҳифаи твиттерии худ ин ҳамларо ба шиддат маҳкум ва ба давлат, мардуму хониводаҳои қурбониёни Русия иброз ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ин вазоратхона мегуяд, ки Ожонсҳои амниятии толибон таҳқиқоти ҷомеиро дар робита бо ин ҳамла оғоз кардаанд.Давлати толибон таъкид кардааст, ки иқдомоти ҷаддитаре барои амнияти сифорат анҷом хоҳанд дод то чунин таҳдидоти эҳтимолӣ монеъи кор сифорат нашавад.Вазорати хориҷаи толибон ҳамчунон гуфтааст ки ҳукумати толибон бо Русия равобит наздик дорад ва мо иҷоза намедиҳем, ки ин гуна иқдомоти манфии душманон бар равобити ду кишвар таъсири манфӣ бигузорад.Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар наздикии сафорати Русия дар Кобул инфиҷор рух дод.Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд.Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз ин ҳодисаи маргбор зикр кард, ки дар натиҷа ду корманди сафорати Русия дар Афғонистон ҳалок шудаанд"Ду нафар аз дӯстони мо ба ҳалокат расиданд.Пешниҳод дорам, ки хотири қурбониёнро бо дақиқаи хомӯшӣ пос дорем", - гуфт вазири умури хориҷии ФР.Вай дар зимн таъкид намуд, ки хатари террористӣ аз минтақа бартараф нашудааст. Лавров изҳори умед кард, ки фармоишгарону иҷрокунандаҳои ин амали террористӣ муашаххас ва муҷозот хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, ки инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад. Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд, изҳор доштанд манобеъ.Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20220905/tolibon-niyoze-ahzob-siyosi-afghoniston-nest-1051162141.html
https://sputnik.tj/20220905/tasliyat-tojikiston-hamla-margbor-rusiya-1051167854.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717676_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_b1d22ae9b7215c63ee252343a63d9f59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кобул, толибон, ҳамла, сафорат, русия, вокуниш
афғонистон, кобул, толибон, ҳамла, сафорат, русия, вокуниш
Вокуниши толибон ба ҳамла алайҳи сафорати Русия дар Кобул
22:00 05.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Вазорати умури хориҷии ҳукумати муваққати толибон ҳамлаи ахир ба сафорати Федератсияи Русия дар Кобулро ба шиддат маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати хориҷаи толибон дар саҳифаи твиттерии худ ин ҳамларо ба шиддат маҳкум ва ба давлат, мардуму хониводаҳои қурбониёни Русия иброз ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин вазоратхона мегуяд, ки Ожонсҳои амниятии толибон таҳқиқоти ҷомеиро дар робита бо ин ҳамла оғоз кардаанд.
Давлати толибон таъкид кардааст, ки иқдомоти ҷаддитаре барои амнияти сифорат анҷом хоҳанд дод то чунин таҳдидоти эҳтимолӣ монеъи кор сифорат нашавад.
Вазорати хориҷаи толибон ҳамчунон гуфтааст ки ҳукумати толибон бо Русия равобит наздик дорад ва мо иҷоза намедиҳем, ки ин гуна иқдомоти манфии душманон бар равобити ду кишвар таъсири манфӣ бигузорад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар наздикии сафорати Русия дар Кобул инфиҷор рух дод.
Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз ин ҳодисаи маргбор зикр кард, ки дар натиҷа ду корманди сафорати Русия дар Афғонистон ҳалок шудаанд
"Ду нафар аз дӯстони мо ба ҳалокат расиданд.Пешниҳод дорам, ки хотири қурбониёнро бо дақиқаи хомӯшӣ пос дорем", - гуфт вазири умури хориҷии ФР.
Вай дар зимн таъкид намуд, ки хатари террористӣ аз минтақа бартараф нашудааст. Лавров изҳори умед кард, ки фармоишгарону иҷрокунандаҳои ин амали террористӣ муашаххас ва муҷозот хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад. Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд, изҳор доштанд манобеъ.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.