Таслияти Тоҷикистон ба Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Кобул

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия дар Маскав таъкид шуд, ки хатари ҳамлаҳои террористӣ дар минтақа аз байн нарафтааст
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тоҷикистон ба Русия дар робита ба таркиши маргбор дар назди сафорати ФР дар Кобул изҳори ҳамдардӣ кард.
Паёми таслиятро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои русаш, Сергей Лавров баён дошт.
Вазири тоҷик изҳори боварӣ намуд, ки баргузоркунандагони ин амали хунин ба зудӣ пайдо карда хоҳанд шуд.
Лавров дар оғози мулоқот аз ин ҳодисаи маргбор зикр кард, ки дар натиҷа ду корманди сафорати Русия дар Афғонистон ҳалок шудаанд. Ҷонибҳо бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири қурбониёни инфиҷорро пос доштанд.

"Ду нафар аз дӯстони мо ба ҳалокат расиданд... Пешниҳод дорам, ки хотири қурбониёнро бо дақиқаи хомӯшӣ пос дорем", - гуфт вазири умури хориҷии ФР.

Вай дар зимн таъкид намуд, ки хатари террористӣ аз минтақа бартараф нашудааст. Лавров изҳори умед кард, ки фармоишгарону иҷрокунандаҳои ин амали террористӣ муашаххас ва муҷозот хоҳанд шуд.
Қаблан Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, дар ин таркиш ду корманди намояндагии дипломатии кишвар кушта шудаанд. Таъкид гардид, ки сафорати Русия бо хадамоти амниятии Афғонистон, ки таркишро таҳқиқ мекунанд, дар тамос аст.
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Инфиҷор дар масҷиди гузаргоҳи Ҳирот: Ансорӣ кушта шуд
Ёдовар мешавем, ки инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад. Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд, изҳор доштанд манобеъ.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0