Трамп гапи Ленинро дар бораи овоздиҳӣ дуруст хонд

© Sputnik / Stringer / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп на церемонии инаугурации в Вашингтоне
Президент США Дональд Трамп на церемонии инаугурации в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Обуна шудан
Президенти собиқи ИМА ҳаводиси интихоботи ахири раисҷумҳур дар кишварашро далели дурустии суханони Владимир Ленин дар мавриди интихобот хонд
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Оне ки раъйҳоро ҳисоб мекунад, аз худи номзад муҳимтар аст, иқтибос овард президенти собиқи ИМА Доналд Трамп аз қавли Владимир Ленин.
Трамп дар мулоқот бо ҷонибдоронаш дар Пенсилвания ин суханонро ба асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, Ленин рабт дод. Гарчанде ин изҳоротро дар бораи беайбии интихобот бештар ба раҳбари дигари шӯравӣ Иосиф Сталин нисбат медиҳанд, ҳарчанд на ҳама коршиносон ба ҳаққонияти он итминон доранд.
Трамп бо ишора ба қавли Ленин гуфт, "касе, ки раъйҳоро ҳисоб мекунад, аз номзад ба маротиб муҳимтар аст". Бармеояд, ки ин ҳақиқат аст", - гуфт Трамп дар хитоб ба тарафдоронаш.
Экс-президент США Дональд Трамп во время выступления - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
ВАО: Хонаи Трамп барои ҳуҷҷатҳо дар бораи силоҳи ҳастаӣ ҷустуҷӯ карда шуд
Хабаргузории РИА "Новости" бо нашри як матлаб дар ин бора изҳор доштаст, ки эҳтимол раисиҷумҳури собиқ ин иқтибосро дар назар дошта бошад, ки дар асл чунин садо медод: "Аслан муҳим нест, ки кӣ ва чӣ тавр дар ҳизб овоз медиҳад, вале ниҳоят муҳим он аст, ки овозҳоро кӣ ва чӣ гуна ҳисоб хоҳад кард".
Трамп иддао дорад, ки натиҷаҳои тақаллубии интихоботи соли 2020 ӯро аз мӯҳлати дуввуми раёсатҷумҳурӣ маҳрум кардаанд, аммо ӯ натавонист онро дар додгоҳ исбот кунад.
Дар зимн Трамп ҳамчунин гуфт, задаро зимни талаффузи номи Ленин, бархлофи бисёриҳо, ки дар Е мегузоранд, ба ҳарфи И мегузорад. Ӯ гуфт чунин тарзи талаффузи номи Ленин беҳтар аст.
Лентаи хабарҳо
0