https://sputnik.tj/20220812/vao-khona-tramp-hujjat-siloh-hastai-justuju-1050665895.html
ВАО: Хонаи Трамп барои ҳуҷҷатҳо дар бораи силоҳи ҳастаӣ ҷустуҷӯ карда шуд
ВАО: Хонаи Трамп барои ҳуҷҷатҳо дар бораи силоҳи ҳастаӣ ҷустуҷӯ карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Қароргоҳи раисҷумҳури пешини Амрико барои дарёфти ҳуҷҷатҳо дар бораи яроқи ҳастаӣ, ки дастрасии он танҳо ба одамони махсус иҷоза аст, кофтуков шуд
2022-08-12T11:58+0500
2022-08-12T11:58+0500
2022-08-12T19:11+0500
амвол
доналд трамп
хона
кофтукови манзили зист
ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Кормандони Пулиси федералии ИМА ҳангоми кофтукови амволи президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар Флорида интизор доштанд, ки асноди махфии марбут ба силоҳи ҳастаӣ пайдо кунанд, менависад "Washington Post". Нашрия бо истинод ба манобеъи огоҳ аз тафтишот гуфтааст, "ҳуҷҷатҳои махфии марбут ба аслиҳаи ҳастаӣ аз ҷумлаи ашёе буданд, ки дар хонаи Трамп кофтуков шуда буданд". Манобеъи номаълуми рӯзнома дар ин бора ҷузъиёти бештар надодаанд.То кунун мавқеи собиқ раҳбари Кохи сафед дар бораи ин хабарҳо рушан нест.Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико шаби 8 август эълон кард, ки манзили ӯ аз ҷониби Пулиси федеролии ин кишвар кофтуков шудааст.Ӯ дар баёнияе гуфт, ки маъмурони Пулиси федеролӣ ғайричашмдошт ба манзили ӯ дар Маралагои аёлати Флорида ҳамла карда ва маводи сейфи шахсии ӯро мусодира кардаанд.Намояндагони ин ниҳод соатҳои тӯлонӣ дар хонаи президенти пешин кофтукоб карданд, навиштааст Politico.Расонаҳо менависанд, ки эҳтимоли зиёд сабаби ин асноде аст, ки сиёсатмадор аз Кохи Сафед бо худ гирифтааст.Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд гуфт, ки ӯ наметавонад дар бораи тафтишот сӯҳбат кунад. Аммо дар як изҳороти оммавӣ ба Вазорати адлия, ӯ эълон кард, ки қарори муроҷиат ба додгоҳро барои иҷоза барои кофтуков шахсан тасдиқ кардааст.Коршиносони иттилооти махфӣ мегӯянд, ҷустуҷӯи ғайриоддӣ нигаронии амиқи мансабдорони давлатиро аз иттилооте, ки ба бовари онҳо дар Мар-а-Лаго пайдо шудааст, нишон медиҳад. Маводҳо дар бораи яроқи ядроӣ махсусан махфӣ буда, одатан барои доираи маҳдуди ходимони давлатй дастрас мебошанд.Моҳи феврал рӯзномаи Washington Post хабар дод, ки Идораи миллии бойгонӣ ва сабтҳо чанд қуттии ҳуҷҷатҳоро аз амволи президенти пешин, ки ӯ аз Кохи Сафед берун бурда буд, мусодира кардааст."Ҷустуҷӯ дар Флорида, ки ба гуфтаи як манбаъ, "соатҳо" тӯл кашид, бо мусодираи асноди коғазӣ анҷом ёфт", - навиштааст нашрия.Ин амал дар ҳоле сурат гирифтааст, ки гуфта мешавад Доналд Трамп барои эълони номзадии худ дар интихоботи президентии соли 2024 омодагӣ мегирад.
https://sputnik.tj/20220809/hamlai-pulisi-federolii-ima-ba-khonai-tramp-1050589341.html
https://sputnik.tj/20220626/tramp-amriko-kishvar-tanazzul-rasvo-1049514754.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонаи трамп ҳуҷҷат силоҳ ҳастаӣ ҷустуҷӯ
хонаи трамп ҳуҷҷат силоҳ ҳастаӣ ҷустуҷӯ
ВАО: Хонаи Трамп барои ҳуҷҷатҳо дар бораи силоҳи ҳастаӣ ҷустуҷӯ карда шуд
11:58 12.08.2022 (Навсозишуда: 19:11 12.08.2022) Қароргоҳи раисҷумҳури пешини Амрико барои дарёфти ҳуҷҷатҳо дар бораи яроқи ҳастаӣ, ки дастрасӣ ба он танҳо ба одамони махсус иҷоза аст, кофтуков шуд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Кормандони Пулиси федералии ИМА ҳангоми кофтукови амволи президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар Флорида интизор доштанд, ки асноди махфии марбут ба силоҳи ҳастаӣ пайдо кунанд, менависад "Washington Post".
Нашрия бо истинод ба манобеъи огоҳ аз тафтишот гуфтааст, "ҳуҷҷатҳои махфии марбут ба аслиҳаи ҳастаӣ аз ҷумлаи ашёе буданд, ки дар хонаи Трамп кофтуков шуда буданд".
Манобеъи номаълуми рӯзнома дар ин бора ҷузъиёти бештар надодаанд.
То кунун мавқеи собиқ раҳбари Кохи сафед дар бораи ин хабарҳо рушан нест.
Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико шаби 8 август эълон кард, ки манзили ӯ аз ҷониби Пулиси федеролии ин кишвар кофтуков шудааст.
Ӯ дар баёнияе гуфт, ки маъмурони Пулиси федеролӣ ғайричашмдошт ба манзили ӯ дар Маралагои аёлати Флорида ҳамла карда ва маводи сейфи шахсии ӯро мусодира кардаанд.
Намояндагони ин ниҳод соатҳои тӯлонӣ дар хонаи президенти пешин кофтукоб карданд, навиштааст Politico.
Расонаҳо менависанд, ки эҳтимоли зиёд сабаби ин асноде аст, ки сиёсатмадор аз Кохи Сафед бо худ гирифтааст.
Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд гуфт, ки ӯ наметавонад дар бораи тафтишот сӯҳбат кунад. Аммо дар як изҳороти оммавӣ ба Вазорати адлия, ӯ эълон кард, ки қарори муроҷиат ба додгоҳро барои иҷоза барои кофтуков шахсан тасдиқ кардааст.
Коршиносони иттилооти махфӣ мегӯянд, ҷустуҷӯи ғайриоддӣ нигаронии амиқи мансабдорони давлатиро аз иттилооте, ки ба бовари онҳо дар Мар-а-Лаго пайдо шудааст, нишон медиҳад.
Маводҳо дар бораи яроқи ядроӣ махсусан махфӣ буда, одатан барои доираи маҳдуди ходимони давлатй дастрас мебошанд.
Моҳи феврал рӯзномаи Washington Post хабар дод, ки Идораи миллии бойгонӣ ва сабтҳо чанд қуттии ҳуҷҷатҳоро аз амволи президенти пешин, ки ӯ аз Кохи Сафед берун бурда буд, мусодира кардааст.
"Ҷустуҷӯ дар Флорида, ки ба гуфтаи як манбаъ, "соатҳо" тӯл кашид, бо мусодираи асноди коғазӣ анҷом ёфт", - навиштааст нашрия.
Ин амал дар ҳоле сурат гирифтааст, ки гуфта мешавад Доналд Трамп барои эълони номзадии худ дар интихоботи президентии соли 2024 омодагӣ мегирад.