https://sputnik.tj/20220902/desant-ukraina-energodar-magate-rusiya-1051125956.html
Десанти Украина дар Энергодар, ҳайати МАГАТЭ ва амалиёти низомиёни Русия
Десанти Украина дар Энергодар, ҳайати МАГАТЭ ва амалиёти низомиёни Русия
Sputnik Тоҷикистон
Десанти дарёии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар канори Энергодар ҳадафи диверсия ё забти нерӯгоҳи атомии Запороже дар остонаи сафари ҳайати МАГАТЭ-ро дошт
2022-09-02T18:20+0500
2022-09-02T18:20+0500
2023-02-08T19:44+0500
магатэ
таҳлил
сиёсат
донбасс
украина
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051104087_0:313:3067:2038_1920x0_80_0_0_eea4ca6be3b73e149bf84a62d97689e8.jpg
Нақшае, ки ҳадафи татбиқи ногаҳонӣ дошт, як рӯз пеш, вақте ки як гурӯҳи диверсантҳои украинӣ дар Энергодар боздошт шуданд, шикаст хӯрд. Низоми Киев кӯшиши ташкили иғвогарии калон дар неругоҳи барқи ҳастаи Запорожеро тарк намекунад. Дар соҳили обанбори Каховка, се километр шимолу шарқтари нерӯгоҳи ҳастаӣ, рӯзи 1 сентябр, соати 6:20 то 60 нафар дар ҳафт киштии мотордор ба соҳил фуруд омаданд. Нерӯҳои Русия ба таври фаврӣ тақрибан ҳамаи диверсантҳои украиниро бо истифода аз ҳавопаймоҳои артиш ҷилавгирӣ ва нобуд карданд. Се нафар асир афтиданд. Қариб ҳамзамон (тақрибан соати 7:00) дар маҳаллаи Водяна, дар шаш километрии ғарби нерӯгоҳи ҳастаӣ воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз кӯшиши фуруд овардани ду гурӯҳи дигари нерӯҳои махсуси Украина пешгирӣ карданд. Дар натиҷаи оташкушоӣ ду баржаи ҳомили десанти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз Никопол бо теъдоди 280 ҷанганда ғарқ шуд. Соҳили чапи Днепр аз даҳҳоо ҷасади низомиёни Украина пур шудааст. Тадбирҳои бе ин ҳам сахти амниятӣ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запроже боз пурзӯртар карда шудаанд.Агар ба ҳаводиси 1 сентябр, безарар гардонидани гурӯҳи диверсионии Украина ва кӯшиши бебарори ҳамла ба нерӯгоҳи атомӣ бо се ҳавопаймои бесарнишини камикадзе дар рӯзи 31 август , таваҷҷуҳ кунем, маълум мешавад, ки режими Киев ба як амалиёти ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Ҳадаф халалдор кардани кори мутахассисони МАГАТЭ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже мебошад. Ё ҳадаф ғасби нерӯгоҳ бо истифода аз мутахассисони хориҷӣ ҳамчун сипари зинда мебошад. Ҷониби Русия то ҳол нерӯгоҳи Запорожеро таҳти назорат дорад ва бехатарии кори намояндагии МАГАТЭ дар Энергодарро кафолат медиҳад. Шабакаҳои телеграми Украина дар бораи бозбинӣ дар идораи президент дар Киев хабар доданд. Гуфта мешавад, ки Ситоди кулли Украина нақшаи ғасби нерӯгоҳи барқи атомии Запорожеро якҷо бо хадамоти иктишофии Бритониё омода мекард. Сабаби нокомӣ дар Киев хиёнат ва берун шудани иттилоот арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд дар сатҳи ҳамвори обанбори Каховка, дар рӯзи равшан дидани гуруҳи қаиқҳои муҳаррикдлор ва ду баржаи шубҳанокро дар минтақаи нерӯгоҳи атомӣ мушкил аст. Ҳамзамон бо "ҳамлаи ҳолливудӣ" -и ноком ва талафоти бузурги нерӯҳои Украина дар вилояти Николаев, фуруди нангини нерӯҳои украинӣ рӯзи 1 сентябр дар Энергодар фавран ба истилоҳ "гӯсфанди қурбонӣ" металабад, ки он метавонад сарфармондеҳи қувваҳоши мусаллаҳи Украина Валерий Залужний шавад.Ғайнинизомисозӣ идома дорадУкраина тавре пешгӯӣ мешуд, созиши оташбас ба манфиати МАГАТЭ-ро вайрон кард. Низоми Киев ба ҳузури мутахассисон ва журналистони хориҷӣ дар қаламрави нерӯгоҳи ҳастаии Запороже манфиатдор нест, чун метавонад дар бораи оташкушоии артиллерияи Украина ба бузургтарин иншооти ҳастаии Аврупо фаҳманд ва нақл кунанд. Баҳо ҳам баланд аст. Ҳудуди беш аз 21%-и нерӯи барқи Украина қаблан дар ин ҷо тавлид мешуд, ки бо феълӣ ҳудуди 1 млрд доллар дар як моҳро ташкил медиҳад. Вашингтон ба маълумоти мунсифона аз Энергодар манфиатдор нест, зеро нақшаҳои амалиёти дифоӣ ва ҳамлаии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Пентагон таҳия мешаванд. Ба Иёлоти Муттаҳида тамоми Украина ҳамчун ғанимат лозим аст, на "қисмҳояш". Танҳо тарси муноқишаи ҳастаӣ бо Русия амрикоиҳоро аз вуруди мустақими нерӯҳои НАТО ба театри амалиёти низомии Украина бозмедорад. CNN бо такя ба манобеи амрикоиву ғарбӣ ва украинӣ хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина дар тарҳрезии амалиёти ҳамлаӣ кумак мекунад. Танҳо ба он асосе, ки худро дар ин кор моҳир медонанд. Бо вуҷуди ин, ИМА ва НАТО дар 75 соли охир дар ягон ҷанг пирӯз нашудаанд. Низомиёни Пентагон ба муҳити ҷангие одат кардаанд, ки дар он душмани технологӣ мавҷуд надорад. Мушовирон ва "мутахассисон"-и амрикоӣ наметавонанд ба артиши Украина дар умури низомӣ чизи хубе омӯзонанд. Амалиёти десантии Украина дар Энергодар аз аввал ба нокомӣ маҳкум буд. Ҳатто бидуни дахл накардан ба нозукиҳои тактикӣ, сарбозони нерӯҳои махсус наметавонанд ба худ лавозимоти зиёди ҷангӣ баранд, аммо нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Запороже иншооти махсус муҳофизатшаванда аст.Росгвардияи Русия кори худро медонад ва омода аст, ки шабонарӯзӣ бо диверсантҳои украинӣ мулоқот кунад. Дар наздикии он воҳидҳои артиш бо мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳои зарбазани Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ҷойгиранд. Дастгирии нерӯҳои украинӣ бо артиллерияашон аз соҳили рости Днепр бешубха камсамар аст. Натиҷаи "забти нерӯгоҳи ҳастаӣ" дар рӯзи 1 сентябр аз аввал маълум буд. Бо доллар ғалабаро харида намешавад. Бовари "беҳтарин дар ҷаҳон" дар мавриди мақомоти иктишофии Бритониё дар замони Лоуренси Аравий аллакай куҳна шудаст. Қаблан мо дидем, ки амалиёти десантии Сарраёсати иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ҷазираи Змейний аз ҷониби мушовирони низомии бритониёӣ то чӣ ҳад бад ташкил шуда буд, ки беш аз сад мутахассисони украинӣ ва даҳҳо воҳидҳои техникаи ҳарбӣ барҷой гузошта шуд. Хуш омадед ба воқеият - бори дигар, дар Энергодар. Аз сӯйи дигар, дар ҷараёни амалиёти вижа, нерӯҳои Русия 80%-и қаламрави Донбасс - ҶХД ва ҶХЛ-ро аз миллатгароён пок карданд, вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд, Украинаро аз баҳри Азов* ҷудо намуданд. Дар минтақаҳои озодшуда маъмуриятхои нав ташкил карда шуданд, телевизион ва радиоҳои Русия фаъол гардиданд. Аҳолии маҳаллӣ шаҳрвандии Русия, кумакҳои моддӣ мегиранд ва ният доранд, ки тавассути раъйпурсӣ ба Федератсияи Русия баргарданд. * - созмони террористӣ дар РусияБа сафҳаи нозири ҳарбӣ Александр Хроленко дар "Telegram" обуна шавед.
https://sputnik.tj/20220826/amaliyot-jang-desant-ukraina-1050966376.html
https://sputnik.tj/20220831/hamla-nikolaev-taqozo-gharb-kisa-otash-1051073156.html
https://sputnik.tj/20220824/nuqtai-zaf-siloh-ghanimatgiriftashudai-nato-1050918676.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051104087_59:0:2790:2048_1920x0_80_0_0_863002425bf34819c5484685b3c02ff9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
ифшо, нақша, нерӯ, украина, энергодар
ифшо, нақша, нерӯ, украина, энергодар
Десанти Украина дар Энергодар, ҳайати МАГАТЭ ва амалиёти низомиёни Русия
18:20 02.09.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Десанти дарёии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар канори Энергодар ҳадафи диверсия ё забти нерӯгоҳи атомии Запороже дар остонаи сафари ҳайати МАГАТЭ-ро дошт
Нақшае, ки ҳадафи татбиқи ногаҳонӣ дошт, як рӯз пеш, вақте ки як гурӯҳи диверсантҳои украинӣ дар Энергодар боздошт шуданд, шикаст хӯрд.
Низоми Киев кӯшиши ташкили иғвогарии калон дар неругоҳи барқи ҳастаи Запорожеро тарк намекунад. Дар соҳили обанбори Каховка, се километр шимолу шарқтари нерӯгоҳи ҳастаӣ, рӯзи 1 сентябр, соати 6:20 то 60 нафар дар ҳафт киштии мотордор ба соҳил фуруд омаданд.
Нерӯҳои Русия ба таври фаврӣ тақрибан ҳамаи диверсантҳои украиниро бо истифода аз ҳавопаймоҳои артиш ҷилавгирӣ ва нобуд карданд. Се нафар асир афтиданд.
Қариб ҳамзамон (тақрибан соати 7:00) дар маҳаллаи Водяна, дар шаш километрии ғарби нерӯгоҳи ҳастаӣ воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз кӯшиши фуруд овардани ду гурӯҳи дигари нерӯҳои махсуси Украина пешгирӣ карданд.
Дар натиҷаи оташкушоӣ ду баржаи ҳомили десанти нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз Никопол бо теъдоди 280 ҷанганда ғарқ шуд. Соҳили чапи Днепр аз даҳҳоо ҷасади низомиёни Украина пур шудааст. Тадбирҳои бе ин ҳам сахти амниятӣ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запроже боз пурзӯртар карда шудаанд.
Агар ба ҳаводиси 1 сентябр, безарар гардонидани гурӯҳи диверсионии Украина ва кӯшиши бебарори ҳамла ба нерӯгоҳи атомӣ бо се ҳавопаймои бесарнишини камикадзе дар рӯзи 31 август , таваҷҷуҳ кунем, маълум мешавад, ки режими Киев ба як амалиёти ҷиддӣ омодагӣ мегирад. Ҳадаф халалдор кардани кори мутахассисони МАГАТЭ дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже мебошад.
Ё ҳадаф ғасби нерӯгоҳ бо истифода аз мутахассисони хориҷӣ ҳамчун сипари зинда мебошад.
Ҷониби Русия то ҳол нерӯгоҳи Запорожеро таҳти назорат дорад ва бехатарии кори намояндагии МАГАТЭ дар Энергодарро кафолат медиҳад. Шабакаҳои телеграми Украина дар бораи бозбинӣ дар идораи президент дар Киев хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки Ситоди кулли Украина нақшаи ғасби нерӯгоҳи барқи атомии Запорожеро якҷо бо хадамоти иктишофии Бритониё омода мекард. Сабаби нокомӣ дар Киев хиёнат ва берун шудани иттилоот арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд дар сатҳи ҳамвори обанбори Каховка, дар рӯзи равшан дидани гуруҳи қаиқҳои муҳаррикдлор ва ду баржаи шубҳанокро дар минтақаи нерӯгоҳи атомӣ мушкил аст.
Ҳамзамон бо "ҳамлаи ҳолливудӣ" -и ноком ва талафоти бузурги нерӯҳои Украина дар вилояти Николаев, фуруди нангини нерӯҳои украинӣ рӯзи 1 сентябр дар Энергодар фавран ба истилоҳ "гӯсфанди қурбонӣ" металабад, ки он метавонад сарфармондеҳи қувваҳоши мусаллаҳи Украина Валерий Залужний шавад.
Ғайнинизомисозӣ идома дорад
Украина тавре пешгӯӣ мешуд, созиши оташбас ба манфиати МАГАТЭ-ро вайрон кард. Низоми Киев ба ҳузури мутахассисон ва журналистони хориҷӣ дар қаламрави нерӯгоҳи ҳастаии Запороже манфиатдор нест, чун метавонад дар бораи оташкушоии артиллерияи Украина ба бузургтарин иншооти ҳастаии Аврупо фаҳманд ва нақл кунанд.
Баҳо ҳам баланд аст. Ҳудуди беш аз 21%-и нерӯи барқи Украина қаблан дар ин ҷо тавлид мешуд, ки бо феълӣ ҳудуди 1 млрд доллар дар як моҳро ташкил медиҳад.
Вашингтон ба маълумоти мунсифона аз Энергодар манфиатдор нест, зеро нақшаҳои амалиёти дифоӣ ва ҳамлаии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар Пентагон таҳия мешаванд.
Ба Иёлоти Муттаҳида тамоми Украина ҳамчун ғанимат лозим аст, на "қисмҳояш". Танҳо тарси муноқишаи ҳастаӣ бо Русия амрикоиҳоро аз вуруди мустақими нерӯҳои НАТО ба театри амалиёти низомии Украина бозмедорад.
CNN бо такя ба манобеи амрикоиву ғарбӣ ва украинӣ хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина дар тарҳрезии амалиёти ҳамлаӣ кумак мекунад. Танҳо ба он асосе, ки худро дар ин кор моҳир медонанд.
Бо вуҷуди ин, ИМА ва НАТО дар 75 соли охир дар ягон ҷанг пирӯз нашудаанд. Низомиёни Пентагон ба муҳити ҷангие одат кардаанд, ки дар он душмани технологӣ мавҷуд надорад. Мушовирон ва "мутахассисон"-и амрикоӣ наметавонанд ба артиши Украина дар умури низомӣ чизи хубе омӯзонанд.
Амалиёти десантии Украина дар Энергодар аз аввал ба нокомӣ маҳкум буд. Ҳатто бидуни дахл накардан ба нозукиҳои тактикӣ, сарбозони нерӯҳои махсус наметавонанд ба худ лавозимоти зиёди ҷангӣ баранд, аммо нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Запороже иншооти махсус муҳофизатшаванда аст.
Росгвардияи Русия кори худро медонад ва омода аст, ки шабонарӯзӣ бо диверсантҳои украинӣ мулоқот кунад. Дар наздикии он воҳидҳои артиш бо мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳавопаймоҳои зарбазани Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ҷойгиранд.
Дастгирии нерӯҳои украинӣ бо артиллерияашон аз соҳили рости Днепр бешубха камсамар аст. Натиҷаи "забти нерӯгоҳи ҳастаӣ" дар рӯзи 1 сентябр аз аввал маълум буд. Бо доллар ғалабаро харида намешавад.
Бовари "беҳтарин дар ҷаҳон" дар мавриди мақомоти иктишофии Бритониё дар замони Лоуренси Аравий аллакай куҳна шудаст.
Қаблан мо дидем, ки амалиёти десантии Сарраёсати иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар ҷазираи Змейний аз ҷониби мушовирони низомии бритониёӣ то чӣ ҳад бад ташкил шуда буд, ки беш аз сад мутахассисони украинӣ ва даҳҳо воҳидҳои техникаи ҳарбӣ барҷой гузошта шуд. Хуш омадед ба воқеият - бори дигар, дар Энергодар.
Аз сӯйи дигар, дар ҷараёни амалиёти вижа, нерӯҳои Русия 80%-и қаламрави Донбасс - ҶХД ва ҶХЛ-ро аз миллатгароён пок карданд, вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд, Украинаро аз баҳри Азов* ҷудо намуданд.
Дар минтақаҳои озодшуда маъмуриятхои нав ташкил карда шуданд, телевизион ва радиоҳои Русия фаъол гардиданд. Аҳолии маҳаллӣ шаҳрвандии Русия, кумакҳои моддӣ мегиранд ва ният доранд, ки тавассути раъйпурсӣ ба Федератсияи Русия баргарданд.
* - созмони террористӣ дар Русия
Ба сафҳаи нозири ҳарбӣ Александр Хроленко дар "Telegram" обуна шавед.