https://sputnik.tj/20220824/nuqtai-zaf-siloh-ghanimatgiriftashudai-nato-1050918676.html
"Нуқтаи заъф"-и силоҳҳои ба ғаниматгирифташуда аз НАТО
"Нуқтаи заъф"-и силоҳҳои ба ғаниматгирифташуда аз НАТО
Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти низомии Русия дар Украина имкон дод, ки хаёлоти хом дар бораи "истиснопарастӣ"-и Амрикоро аз байн бардоранд ва афсонаҳои силоҳи Ғарбро нобуд созанд
2022-08-24T18:40+0500
2022-08-24T18:40+0500
2023-02-08T19:44+0500
украина
ғарб
аврупо
има
аслиҳа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039446955_0:133:1281:853_1920x0_80_0_0_5c64aaffca5c80a47226ecfde8be826f.jpg
Он чӣ ба режими Киев дода мешавад, амалан ба рафти ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ таъсир намерасонад.Рӯзи 21 август вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, тақрибан ҳама намунаҳои аслиҳаи аз ҷониби ИМА ба Украина интиқолёфта - системаи мушакии HIMARS, “Stinger”, гаубитсаҳои M777, “Javelin” ва NLAW ба дасти мутахассисони рус афтодааст. Дар байни ин “ғанимат”-ҳо бисёр мошинҳои зиреҳпӯш ва яроқи тирандози НАТО ҳастанд.Сергей Шойгу қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО асосан Украинаро бо "ҳама навъҳои партов" таъмин мекунанд, аммо воқеан, таҷҳизоти нав он ҷо хеле кам аст. Мутахассисони рус моделҳои ба ғаниматгирифта аз кишварҳои ғарбиро бомуваффақият меомӯзанд, то бо онҳо самараноктар мубориза баранд.Дар он ҷо "муъҷиза"-и технологӣ вуҷуд надорад. Силоҳҳои ғарбӣ беэътимоданд ва аз ҷиҳати хусусиятҳои ҷангӣ бо аслиҳаи ғарбӣ баробар шуда наметавонанд. Масалан, “Корнет” нисбат ба "Ҷавелин" (то 2500 м) ба ҳадафҳои ду баробар дуртар (рӯзона то 5500 м ва шабона то 3500 м) метавонад исобат кунад.Ба навиштаи нашрияи амрикоии “Politico”, Вашингтон маълумоти пурра дар бораи интиқоли силоҳ ба Украинаро ифшо намекунад, як қисми маълумот дар бораи кумаки низомии интиқолшуда пинҳон аст. Ҳамин тариқ Пентагон ҳамгиро шудани мушакҳои зиддирадарии AGM-88 HARM ба силоҳи ҷангии “МиГ-29”-и нерӯҳои ҳавоии Украинаро ҳамагӣ ду ҳафта пас аз истифодаи ҷангии онҳо дар Донбасс тасдиқ кард.Таъмини режими Киев бо силоҳҳои ғарбӣ ҳадаф ва раванди амалиёти махсуси низомии Русияро тағйир намедиҳад ва мифологияи харобшудаи бартарии технологии ИМА ва НАТО-ро барқарор намекунад. Ғайрати аз ҳад зиёди дастаҷамъии Ғарб дар робита ба интиқоли силоҳ метавонад танҳо доираи ҷуғрофии амалиёти низомӣ дар Украинаро васеъ кунад.Муъҷиза рӯй надодАввалин ноумедии ҷиддӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро “Javelin” ба бор овард. То оғози соли 2022 режими Киев чандсад маҷмаъ ва пас аз 24 феврал ҳафт ҳазори дигар аз онҳо гирифт. Ҳатто аз рӯи натиҷаҳои озмоишҳои “Raytheon”, аз 11 партоби FGM-148 ба ҳадафи статсионарӣ танҳо сетоаш бо шикаст анҷом ёфт.Омори умумии истифодаи ҷангӣ дар Украина боз ҳам рӯҳафтодакунандатар аст. Дар мубориза бар зидди танкҳои Русия кулоҳаки ҷангии мушакии амрикоӣ блокҳои муҳофизати динамикиро вайрон кард, ба баъзе қисматҳо осеб расонд, аммо мошини зиреҳӣ ба зарба тоб овард. Экипаж ва мошин, чун қоида, ба ҷанг омода буданд. Шароити истифода ҳар кадар душвортар бошад, самараи “Javelin” ҳамон қадар пасттар мешавад.Даҳҳо мавориди дасткорӣ пеш аз оғози кор, ки дар гармии ҷанг қобили қабул нестанд, эътимоднокии батареяҳо ва электроника, нерӯҳои украиниро зуд ноумед карданд. Илова бар ин шумораи зиёди “Ҷавелин”-ҳо ғанимат гирифта шуданд ё дар натиҷаи зарбаҳои Русия дар анборҳо нобуд карда шуданд.Якчанд маҷмаи FGM-148 ба бозори сиёҳи Аврупо, Осиё ва Африқо "даромаданд". Аён аст, ки беҳтарин эпизодҳои истифодаи ҷангии “Javelin” дар соли 2003 боқӣ монд, вақте ки нерӯҳои амрикоӣ ин маҷмааро бар зидди танкҳои технологӣ кӯҳнашудаи Т-55-и Ироқ истифода бурданд.Дар аввали моҳи август боз як “муъҷиза”-и дигари амрикоӣ рӯй дод, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина нисфи HIMARS-ҳо ва беш аз 200 мушаки онҳоро аз даст доданд.Гаубитсаҳои М-777 осебпазиртар буданд. Дар наздикии онҳо таркидани хумпораҳо M777-ро зуд ғайри қобилиистифода мекунанд ва таъмири онҳо саҳро ғайриимкон аст. Дар аввали моҳи август, қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 107 гаубитсаи қаблан интиқолшуда 33 адади онро аз даст доданд.Дар як рӯзи гузашта тӯпхонаи Русия дар вилояти Днепропетровск боз ду гаубитсаи М-777-ро нобуд кард.Тӯпи худгарди 155-мм-и олмонии “Panzerhaubitze-2000” дар Ғарб яке аз системаҳои муосири технологӣ ва муассир маҳсуб мешавад. Аз аввали тобистон ба қувваҳои мусаллаҳи Украина тақрибан 20 адад аз чунин дастгоҳҳо ворид шудааст. Бар хилофи афсонаҳои НАТО тӯпҳои худгард PzH-2000 ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Донбассро дигар накарданд.Ҳавопаймоҳои иктишофӣ ва зарбазани туркии “Bayraktar TB2” ҳадафи осони системаҳои зиддимушакии Русия Тор-М2 мебошанд. "Байрактар"-ҳо дар экрани радар медурахшад ва чун қоида парвози аввалину охиринро ба ҷо меоранд.Дар давоми ним сол садҳо “Байрактар” мунҳадим шуд: 1796 ҳавопаймои бесарнишини қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз ҷумла “Switchblade 300”, ки барои нест кардани нерӯҳои низомӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши сабук пешбинӣ шудаанд.Қаблан “Switchblade 300” бар зидди толибон дар Афғонистон истифода мешуд, ки дар он ҷо ҳеҷ муваффақияте надошт. Ва дар театри амалиётии Украина садҳо "корди қатшаванда"-и амрикоӣ амалан ба ҳеҷ чиз таъсир намерасонанд. Ҳамчунин даҳ ҳавопаймои "зиддитанкӣ"-и “Switchblade 600” ба Киев ваъда шудааст, ки то ҳол дар Иёлоти Муттаҳида ба истифода дода нашудаанд (озмоиш мешаванд).Мухбири рӯзномаи фаронсавии "Фигаро" аз Краматорск гузориш дод, ки дар Донбасс "технологияи пешрафта, ки ИМА ва Аврупо ироа мекунанд, монанди тӯпҳои худгарди "Сезар", гаубитсаҳои М-777 ё мушакбарҳои ХИМАРС ба унвони ваъда боқӣ мондааст”.Ғарб дарк мекунад, ки режими Киев ба ҳалокат расидааст, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қодир ба амалҳои таҳоҷумӣ нестанд. ИМА ва НАТО барои наҷоти "лоиҳаи Украина" сахт талош доранд, аммо дар майдони набард бо Русия муъҷизае вуҷуд надорад.Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20220818/sheva-tabdil-ukraina-kamikadze-1050800443.html
https://sputnik.tj/20220817/putin-haq-qat-kumak-gharb-ukraina-1050775964.html
украина
аврупо
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039446955_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_ca84eb63e38dbb8dc1a0f0924fa9d1e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
украина, русия, нато, силоҳ, ғарб, амрико, таъмин, ироа
украина, русия, нато, силоҳ, ғарб, амрико, таъмин, ироа
"Нуқтаи заъф"-и силоҳҳои ба ғаниматгирифташуда аз НАТО
18:40 24.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Амалиёти низомии Русия дар Украина имкон дод, ки хаёлоти хом дар бораи "истиснопарастӣ"-и Амрикоро аз байн бардоранд ва афсонаҳои силоҳи Ғарбро нобуд созанд
Он чӣ ба режими Киев дода мешавад, амалан ба рафти ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ таъсир намерасонад.
Рӯзи 21 август вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, тақрибан ҳама намунаҳои аслиҳаи аз ҷониби ИМА ба Украина интиқолёфта - системаи мушакии HIMARS, “Stinger”, гаубитсаҳои M777, “Javelin” ва NLAW ба дасти мутахассисони рус афтодааст. Дар байни ин “ғанимат”-ҳо бисёр мошинҳои зиреҳпӯш ва яроқи тирандози НАТО ҳастанд.
Сергей Шойгу қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои НАТО асосан Украинаро бо "ҳама навъҳои партов" таъмин мекунанд, аммо воқеан, таҷҳизоти нав он ҷо хеле кам аст. Мутахассисони рус моделҳои ба ғаниматгирифта аз кишварҳои ғарбиро бомуваффақият меомӯзанд, то бо онҳо самараноктар мубориза баранд.
Дар он ҷо "муъҷиза"-и технологӣ вуҷуд надорад. Силоҳҳои ғарбӣ беэътимоданд ва аз ҷиҳати хусусиятҳои ҷангӣ бо аслиҳаи ғарбӣ баробар шуда наметавонанд. Масалан, “Корнет” нисбат ба "Ҷавелин" (то 2500 м) ба ҳадафҳои ду баробар дуртар (рӯзона то 5500 м ва шабона то 3500 м) метавонад исобат кунад.
Ба навиштаи нашрияи амрикоии “Politico”, Вашингтон маълумоти пурра дар бораи интиқоли силоҳ ба Украинаро ифшо намекунад, як қисми маълумот дар бораи кумаки низомии интиқолшуда пинҳон аст. Ҳамин тариқ Пентагон ҳамгиро шудани мушакҳои зиддирадарии AGM-88 HARM ба силоҳи ҷангии “МиГ-29”-и нерӯҳои ҳавоии Украинаро ҳамагӣ ду ҳафта пас аз истифодаи ҷангии онҳо дар Донбасс тасдиқ кард.
Таъмини режими Киев бо силоҳҳои ғарбӣ ҳадаф ва раванди амалиёти махсуси низомии Русияро тағйир намедиҳад ва мифологияи харобшудаи бартарии технологии ИМА ва НАТО-ро барқарор намекунад. Ғайрати аз ҳад зиёди дастаҷамъии Ғарб дар робита ба интиқоли силоҳ метавонад танҳо доираи ҷуғрофии амалиёти низомӣ дар Украинаро васеъ кунад.
Аввалин ноумедии ҷиддӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украинаро “Javelin” ба бор овард. То оғози соли 2022 режими Киев чандсад маҷмаъ ва пас аз 24 феврал ҳафт ҳазори дигар аз онҳо гирифт. Ҳатто аз рӯи натиҷаҳои озмоишҳои “Raytheon”, аз 11 партоби FGM-148 ба ҳадафи статсионарӣ танҳо сетоаш бо шикаст анҷом ёфт.
Омори умумии истифодаи ҷангӣ дар Украина боз ҳам рӯҳафтодакунандатар аст. Дар мубориза бар зидди танкҳои Русия кулоҳаки ҷангии мушакии амрикоӣ блокҳои муҳофизати динамикиро вайрон кард, ба баъзе қисматҳо осеб расонд, аммо мошини зиреҳӣ ба зарба тоб овард. Экипаж ва мошин, чун қоида, ба ҷанг омода буданд. Шароити истифода ҳар кадар душвортар бошад, самараи “Javelin” ҳамон қадар пасттар мешавад.
Даҳҳо мавориди дасткорӣ пеш аз оғози кор, ки дар гармии ҷанг қобили қабул нестанд, эътимоднокии батареяҳо ва электроника, нерӯҳои украиниро зуд ноумед карданд. Илова бар ин шумораи зиёди “Ҷавелин”-ҳо ғанимат гирифта шуданд ё дар натиҷаи зарбаҳои Русия дар анборҳо нобуд карда шуданд.
Якчанд маҷмаи FGM-148 ба бозори сиёҳи Аврупо, Осиё ва Африқо "даромаданд". Аён аст, ки беҳтарин эпизодҳои истифодаи ҷангии “Javelin” дар соли 2003 боқӣ монд, вақте ки нерӯҳои амрикоӣ ин маҷмааро бар зидди танкҳои технологӣ кӯҳнашудаи Т-55-и Ироқ истифода бурданд.
Дар аввали моҳи август боз як “муъҷиза”-и дигари амрикоӣ рӯй дод, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина нисфи HIMARS-ҳо ва беш аз 200 мушаки онҳоро аз даст доданд.
Гаубитсаҳои М-777 осебпазиртар буданд. Дар наздикии онҳо таркидани хумпораҳо M777-ро зуд ғайри қобилиистифода мекунанд ва таъмири онҳо саҳро ғайриимкон аст. Дар аввали моҳи август, қувваҳои мусаллаҳи Украина аз 107 гаубитсаи қаблан интиқолшуда 33 адади онро аз даст доданд.
Дар як рӯзи гузашта тӯпхонаи Русия дар вилояти Днепропетровск боз ду гаубитсаи М-777-ро нобуд кард.
Тӯпи худгарди 155-мм-и олмонии “Panzerhaubitze-2000” дар Ғарб яке аз системаҳои муосири технологӣ ва муассир маҳсуб мешавад. Аз аввали тобистон ба қувваҳои мусаллаҳи Украина тақрибан 20 адад аз чунин дастгоҳҳо ворид шудааст. Бар хилофи афсонаҳои НАТО тӯпҳои худгард PzH-2000 ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Донбассро дигар накарданд.
Ҳавопаймоҳои иктишофӣ ва зарбазани туркии “Bayraktar TB2” ҳадафи осони системаҳои зиддимушакии Русия Тор-М2 мебошанд. "Байрактар"-ҳо дар экрани радар медурахшад ва чун қоида парвози аввалину охиринро ба ҷо меоранд.
Дар давоми ним сол садҳо “Байрактар” мунҳадим шуд: 1796 ҳавопаймои бесарнишини қувваҳои мусаллаҳи Украина, аз ҷумла “Switchblade 300”, ки барои нест кардани нерӯҳои низомӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши сабук пешбинӣ шудаанд.
Қаблан “Switchblade 300” бар зидди толибон дар Афғонистон истифода мешуд, ки дар он ҷо ҳеҷ муваффақияте надошт. Ва дар театри амалиётии Украина садҳо "корди қатшаванда"-и амрикоӣ амалан ба ҳеҷ чиз таъсир намерасонанд. Ҳамчунин даҳ ҳавопаймои "зиддитанкӣ"-и “Switchblade 600” ба Киев ваъда шудааст, ки то ҳол дар Иёлоти Муттаҳида ба истифода дода нашудаанд (озмоиш мешаванд).
Мухбири рӯзномаи фаронсавии "Фигаро" аз Краматорск гузориш дод, ки дар Донбасс "технологияи пешрафта, ки ИМА ва Аврупо ироа мекунанд, монанди тӯпҳои худгарди "Сезар", гаубитсаҳои М-777 ё мушакбарҳои ХИМАРС ба унвони ваъда боқӣ мондааст”.
Ғарб дарк мекунад, ки режими Киев ба ҳалокат расидааст, Қувваҳои Мусаллаҳи Украина қодир ба амалҳои таҳоҷумӣ нестанд. ИМА ва НАТО барои наҷоти "лоиҳаи Украина" сахт талош доранд, аммо дар майдони набард бо Русия муъҷизае вуҷуд надорад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.