https://sputnik.tj/20220902/bandarhoi-eron-kishvarhoi-uzvi-shsh-1051127781.html
Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешаванд
Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Бандарҳо дар шаҳрҳои Бандар Аббос ва Чобаҳори Эрон метавонанд барои кишварҳои узви СҲШ дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳониро фароҳам созад
2022-09-02T19:40+0500
2022-09-02T19:40+0500
2022-09-05T19:38+0500
эрон
сҳш
ҳамкорӣ
равобит
баҳр
дастрасӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051121903_0:285:3073:2013_1920x0_80_0_0_8f250b6ff401a87529e122598eeb8a81.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Эрон омодааст, ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой имкон диҳад, то аз бандарҳои бузурги худ истифода намоянд, иттилоъ додааст “Вечерний Бишкек”.Дар ин бора дар мизи муддаввар “Вусъати СҲШ: уфуқҳои нави ҳамкорӣ” сафири Эрон дар Қирғизистон Саид Харрозӣ изҳор дошт.Сафир гуфт, мавқеъи геополитикии Эрон дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон ба кишварҳои узви СҲШ имкон медиҳад, ки аз бартариҳои бандарҳои Бандар Аббос ва Чобаҳор барои дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳонӣ бархурдор шаванд.Ба гуфтаи вай, имкони фаровони Эрон дар дохили, метавонад аз ҷумла барои кишварҳои узви СҲШ низ дастрас бошад.Саид Харрозӣ таъкид кард, Эрон ба унвони кишваре, ки ҳамеша ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ дорад, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро як созмони муҳимми минтақаӣ бо имконоти бузург ва дурнамои рӯшани ҳамкорӣ арзёбӣ мекунад.Вай ҳамчунин гуфт, ки музокироти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои узви ин созмон рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд ба далоили мухталиф муҳим аст."Ин нишаст дар шароите ҷараён дорад, ки як сол аз хуруҷи бемасъулияти нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аз Афғонистон сипарӣ мешавад. Пас аз он гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нисбат ба гузашта фаъолтар шуданд ва имрӯз аз онҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад”, - изҳор дошт ӯ.Сафири Эрон таъкид кард, ки таъсир ва паёмадҳои бӯҳрони Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия низ аҳамияти нишасти дарпешистодаро афзоиш додааст.Ба эътиқоди ӯ, тасмимҳои нишасти дарпешистода дар ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узв ва мубориза бо чолишҳои кунунии минтақа нақши муҳим доранд.Ёдовар мешавем, ки Эрон ба раванди пайвастан ба СҲШ, ки дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе тасвиб шуда буд, оғоз кардааст.Ҳоло тамоми расмиёти қонунӣ барои зудтар ба даст овардани узвияти доимӣ бо суръати идома дорад.
https://sputnik.tj/20220712/vukh-uzbekiston-eron-shsh-shomil-1049925634.html
https://sputnik.tj/20220824/sozish-bonkhoi-shsh-1050899693.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051121903_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_48aaa1be7d4b549311239e61107f7388.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, сщш, эрон, бандар, истифода, имконият, тиыорат, равобит
тоыикистон, сщш, эрон, бандар, истифода, имконият, тиыорат, равобит
Бандарҳои Эрон дар ихтиёри кишварҳои узви СҲШ гузошта мешаванд
19:40 02.09.2022 (Навсозишуда: 19:38 05.09.2022) Бандарҳо дар шаҳрҳои Бандар Аббос ва Чобаҳори Эрон метавонанд барои кишварҳои узви СҲШ дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳониро фароҳам созад
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Эрон омодааст, ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой имкон диҳад, то аз бандарҳои бузурги худ истифода намоянд, иттилоъ додааст “Вечерний Бишкек”.
Дар ин бора дар мизи муддаввар “Вусъати СҲШ: уфуқҳои нави ҳамкорӣ” сафири Эрон дар Қирғизистон Саид Харрозӣ изҳор дошт.
Сафир гуфт, мавқеъи геополитикии Эрон дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон ба кишварҳои узви СҲШ имкон медиҳад, ки аз бартариҳои бандарҳои Бандар Аббос ва Чобаҳор барои дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷаҳонӣ бархурдор шаванд.
Ба гуфтаи вай, имкони фаровони Эрон дар дохили, метавонад аз ҷумла барои кишварҳои узви СҲШ низ дастрас бошад.
Саид Харрозӣ таъкид кард, Эрон ба унвони кишваре, ки ҳамеша ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ дорад, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро як созмони муҳимми минтақаӣ бо имконоти бузург ва дурнамои рӯшани ҳамкорӣ арзёбӣ мекунад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки музокироти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои узви ин созмон рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд ба далоили мухталиф муҳим аст.
"Ин нишаст дар шароите ҷараён дорад, ки як сол аз хуруҷи бемасъулияти нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аз Афғонистон сипарӣ мешавад. Пас аз он гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нисбат ба гузашта фаъолтар шуданд ва имрӯз аз онҳо ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад”, - изҳор дошт ӯ.
Сафири Эрон таъкид кард, ки таъсир ва паёмадҳои бӯҳрони Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия низ аҳамияти нишасти дарпешистодаро афзоиш додааст.
Ба эътиқоди ӯ, тасмимҳои нишасти дарпешистода дар ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узв ва мубориза бо чолишҳои кунунии минтақа нақши муҳим доранд.
Ёдовар мешавем, ки Эрон ба раванди пайвастан ба СҲШ, ки дар нишасти сарони ин созмон дар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе тасвиб шуда буд, оғоз кардааст.
Ҳоло тамоми расмиёти қонунӣ барои зудтар ба даст овардани узвияти доимӣ бо суръати идома дорад.