https://sputnik.tj/20220824/sozish-bonkhoi-shsh-1050899693.html
Созиши бонкҳои СҲШ барои ҳамкорию сармоягузории минтақаӣ
Созиши бонкҳои СҲШ барои ҳамкорию сармоягузории минтақаӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бонкҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай стратегияи дастгирии ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ барои панҷ соли ояндаро тасдиқ карданд
2022-08-24T09:35+0500
2022-08-24T09:35+0500
2022-08-24T13:38+0500
сҳш
иқтисод
ҳамкорӣ
осиё
санади ҳамкорӣ
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1f0b9d11c4d11f30351bdf3ffe7970ce.jpg
ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Нақшаи дастгирии ҳамкориҳои иқтисодии дохилиминтақаӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2022-2027 қабул гардид. Дар ин бора дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии ташкилотҳо, ки таҳти раёсати Бонки миллӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, қарор қабул шуд. Маълум аст, ки бонкҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай санади ҳамкориҳои бонкӣ барои панҷсолаи ояндаро аллакай қабул кардаанд. Инчунин Шӯро нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзоро тасдиқ намудаст. Таъкид гардидаст, ки вуруди ҳуҷҷатҳои имзошуда ба эъломия дар натиҷаи нишасти сарони СҲШ дар рӯзи 16 сентябр таъйид гардид. Тавзеҳ дода шудаст, ки асноди мазкур барои дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат тарҳрезӣ шудаанд ва принсипҳои ҳамкории бонкҳои кишварҳои узви СҲШ-ро муайян мекунанд. "Ин санадҳо барои ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши молӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни бонкҳои узв шароити мусоид фароҳам хоҳанд овард", - таъкид намудаст Бонки миллии Ӯзбекистон. Илова бар ин, созишҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории ояндадор дар қаламрави СҲШ, инчунин рушди ҳамкориҳои саноатӣ байни кишварҳои узви ин созмон нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20220818/naqshi-shsh-muomiloti-molii-tojikiston-1050810413.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_83:0:804:541_1920x0_80_0_0_79a2c298a339cfe634e6f6bec9372719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонк, созмони ҳамкориҳои шанхай
бонк, созмони ҳамкориҳои шанхай
Созиши бонкҳои СҲШ барои ҳамкорию сармоягузории минтақаӣ
09:35 24.08.2022 (Навсозишуда: 13:38 24.08.2022) Бонкҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай стратегияи дастгирии ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ барои панҷ соли ояндаро тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Нақшаи дастгирии ҳамкориҳои иқтисодии дохилиминтақаӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2022-2027 қабул гардид.
Дар ин бора дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии ташкилотҳо, ки таҳти раёсати Бонки миллӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, қарор қабул шуд.
Маълум аст, ки бонкҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай санади ҳамкориҳои бонкӣ барои панҷсолаи ояндаро аллакай қабул кардаанд. Инчунин Шӯро нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзоро тасдиқ намудаст.
Таъкид гардидаст, ки вуруди ҳуҷҷатҳои имзошуда ба эъломия дар натиҷаи нишасти сарони СҲШ дар рӯзи 16 сентябр таъйид гардид.
Тавзеҳ дода шудаст, ки асноди мазкур барои дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат тарҳрезӣ шудаанд ва принсипҳои ҳамкории бонкҳои кишварҳои узви СҲШ-ро муайян мекунанд.
"Ин санадҳо барои ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши молӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни бонкҳои узв шароити мусоид фароҳам хоҳанд овард", - таъкид намудаст Бонки миллии Ӯзбекистон.
Илова бар ин, созишҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории ояндадор дар қаламрави СҲШ, инчунин рушди ҳамкориҳои саноатӣ байни кишварҳои узви ин созмон нигаронида шудааст.