https://sputnik.tj/20220712/vukh-uzbekiston-eron-shsh-shomil-1049925634.html
ВУХ Ӯзбекистон: Эрон то охири соли равон ба СҲШ ворид мешавад
ВУХ Ӯзбекистон: Эрон то охири соли равон ба СҲШ ворид мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки ёддошт дар бораи уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ба имзо мерасад
2022-07-12T09:00+0500
2022-07-12T09:00+0500
2022-07-12T11:16+0500
ӯзбекистон
сҳш
эрон
осиёи марказӣ
узвият
дархости шомилшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042153695_0:331:3052:2048_1920x0_80_0_0_5a7e15ca704f9813c2e95743d4ce0405.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Ӯзбекистон гуфт, дар соли равон Эрон ба ҳайси нозир узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мешавад.Раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи сентябри соли гузашта аз номзадии Эрон ҳимоят карда буданд.Владимир Путин қайд кард, ки Кремл аз ширкати комили Теҳрон дар кори ин созмон ҳимоят мекунад.Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав талош дорад ҳамкориро бар пояи манофеи кишварҳои узв пеш барад.Барои мисол, вай БРИКС, СҲШ ва ИА-ро мисол овард. Охири моҳи июн Эрон ҳамроҳ бо Аргентина барои пайвастан ба БРИКС дархост пешниҳод карданд.Ба гуфтаи Денис Мантуров, вазири саноат ва савдои Русия, ин ба таҳкими ҳамкориҳо дар заминаи табодули фанноварӣ ва эҷоди иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
https://sputnik.tj/20220621/puli-navi-shsh-bo-dollar-chi-meshavad-1049370809.html
ӯзбекистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042153695_321:0:3052:2048_1920x0_80_0_0_8be07661ba3ed2d45c40befb7f8cdfdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, сҳш, эрон, узвият, шомил, самарқанд, владимир норов, охири сол
ӯзбекистон, сҳш, эрон, узвият, шомил, самарқанд, владимир норов, охири сол
ВУХ Ӯзбекистон: Эрон то охири соли равон ба СҲШ ворид мешавад
09:00 12.07.2022 (Навсозишуда: 11:16 12.07.2022) Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст, ки ёддошт дар бораи уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ба имзо мерасад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Владимир Норов, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Ӯзбекистон гуфт, дар соли равон Эрон ба ҳайси нозир узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мешавад.
"Имсол дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон Эрон ба унвони кишвари нозир ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қабул карда мешавад. Ёддошти уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви СҲШ низ дар Самарқанд ба имзо мерасад", - гуфт оқои Норов дар мизи мудаввар дар Маскав.
Раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи сентябри соли гузашта аз номзадии Эрон ҳимоят карда буданд.
Владимир Путин қайд кард, ки Кремл аз ширкати комили Теҳрон дар кори ин созмон ҳимоят мекунад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки Маскав талош дорад ҳамкориро бар пояи манофеи кишварҳои узв пеш барад.
Барои мисол, вай БРИКС, СҲШ ва ИА-ро мисол овард. Охири моҳи июн Эрон ҳамроҳ бо Аргентина барои пайвастан ба БРИКС дархост пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Денис Мантуров, вазири саноат ва савдои Русия, ин ба таҳкими ҳамкориҳо дар заминаи табодули фанноварӣ ва эҷоди иқтидорҳои иловагии истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.