https://sputnik.tj/20220901/vaziron-kishvarho-idm-qirghiziston-sabab-1051098646.html
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар Қирғизистон гирд меоянд: сабаб
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар Қирғизистон гирд меоянд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Масоили амнияти муштараки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар як ҷаласаи қарибулвуқӯъи вазири корҳои дохилии кишварҳои аъзо баррасӣ хоҳанд кард
2022-09-01T18:00+0500
2022-09-01T18:00+0500
2022-09-05T20:37+0500
идм
дар тоҷикистон
қирғизистон
вкд
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_226:0:1204:550_1920x0_80_0_0_272020a76f3aabf693e7df13ac5f7b0d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Сарони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ барои ширкат дар як ҷаласаи муштарак гирд хоҳанд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии кумитаи иҷроияи ИДМ.Ҷаласаи вазирон дар авоили тирамоҳ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, сарони бахшҳо тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон чанд омилеро номбар карда буд, ки барои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳдид мекунанд. Вай дар нишасти чаҳоруми вазирони умури дохила ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд гуфт: "Мо бояд талошҳои худро алайҳи се зуҳуроти номатлуб - терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм равона созем".
https://sputnik.tj/20220819/rahimzoda-tahdid-asosi-kishvar-shsh-1050817511.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_348:0:1081:550_1920x0_80_0_0_bb6cbfc68c252310e96217f4d44ca901.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазирон кишварҳо идм қирғизистон
вазирон кишварҳо идм қирғизистон
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар Қирғизистон гирд меоянд: сабаб
18:00 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:37 05.09.2022) Масоили амнияти муштараки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар як ҷаласаи қарибулвуқуи вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзо баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Сарони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ барои ширкат дар як ҷаласаи муштарак гирд хоҳанд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҷаласаи вазирон дар авоили тирамоҳ дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор мешавад.
"Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ аз 7 то 9 сентябр дар шаҳри Чолпон-Ота баргузор мешавад", - гуфт манбаъ.
Дар ин чорабинӣ ба ҷуз аз Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард.
Қарор аст, сарони бахшҳо тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири умури дохилии Тоҷикистон чанд омилеро номбар карда буд, ки барои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳдид мекунанд.
Вай дар нишасти чаҳоруми вазирони умури дохила ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд гуфт: "Мо бояд талошҳои худро алайҳи се зуҳуроти номатлуб - терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм равона созем".