Раҳимзода 3 таҳдиди асосӣ ба кишварҳои СҲШ-ро ном бурд

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон натиҷаи мубориза бо хатарҳои асосиро дар кишвар назаррас арзёбӣ карда, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо дигар давлатҳоро баён доштаст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бояд ҳамкориро бар зидди 3 зуҳуроти номатлуб - терроризм, экстремизм ва сепаратизм равона намоем, даъват кард Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамкоронаш аз кишварҳои узви СҲШ.
Раҳимзода зимни ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд таъкид намуд, ки хатарҳои зикршуда ба амнияту суботи тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба фазои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳдид менамоянд.
"Тоҷикистон бо шарофати чораҳои саривақтӣ, инчунин ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст", - гуфт вазир
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Патрушев аз нақшаи ташкили "инқилоби ранга" дар Осиёи Марказӣ гуфт
Вай изҳори омодагӣ кардааст, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Мақомдорон дар ҷаласа ҳамчунин хостори тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар доираи СҲШ тавассути вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узв бо назардошти афзояндаи бесуботӣ дар арсаи байналмилалӣ шуданд.
Баробари густариши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм ҳамчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ зикр шудааст.
Ҳамкорӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва амният дар фазои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз самтҳои афзалиятноки дигари муҳим арзёбӣ гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0