https://sputnik.tj/20220901/rekord-tamrin-farmondehi-sitodii-sharq-2022-1051099403.html
Рекорд ва ширкаткунандагони ҷадид дар тамриноти фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022"
Рекорд ва ширкаткунандагони ҷадид дар тамриноти фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022"
Sputnik Тоҷикистон
Ба Вашингтон қурбати низомию сиёсии Русия бо Ҳинду Чин ба маънои аслии "шарикии стратегӣ" маъқул нест, сарфи назар аз он ки кӯшиш мекунад, Кремлро сиёҳ намояд
2022-09-01T21:00+0500
2022-09-01T21:00+0500
2022-09-01T21:00+0500
дар русия
чин
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
тамрин
размоиш
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051068071_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_f74e8165e5b3689012b068b7a69843be.jpg
Машқҳои муштараки стратегии фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022" бартарии ташкилию технологии Русия, муттаҳидон, шарикони он дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, афзоиши нуфузи низомию сиёсии СПАД ва кишварҳои СҲШ-ро нишон медиҳанд.Машқҳои "Шарқ-2022" рӯзҳои 1-7 сентябр таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ФР Валерий Герасимов дар ҳудуди Ҳавзаи низомии шарқӣ, дар обҳои баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар низомӣ, бо истифода аз 5000 техникаи низомӣ (аз ҷумла 140 ҳавопаймо, 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон) аз 14 кишвар - СПАД, СҲШ ва дигар шарикон баргузор мегарданд.Гурӯҳҳои оперативии мақомоти фармондиҳӣ, ҳайатҳои низомӣ ва нозирон дар ҳафт тамрингоҳи марбути нерӯҳои хушкигард ва минтақаҳои баҳрӣ амалиёти якҷояи гурӯҳҳои ҳарбӣ ва эътилофиро тамрин мекунанд.Ҳадафи асосии машқҳо таъмини амнияти низомии Федератсияи Русия ва муттаҳидони он дар минтақаи мавриди масъулият мебошад.Муовини вазири дифои Русия Александр Фомин дирӯз қайд кард, ки машқҳо хусусияти дифоӣ доранд ва алайҳи давлатҳои мушаххасу иттиҳодҳои низомӣ нигаронида нашудаанд.Фармондеҳон ва ситодҳо ба тамрини бисёрҷанба алайҳи таҷовуз дар самти Шарқ ва дар минтақаи баҳрии Шарқи Дур, баланд бардоштани мутобиқати амалиётии нерӯҳои эътилоф дар Бурдуни (Бурятия), Горячие Ключи (ҷазираҳои Курил) машғуланд. Тамрингоҳҳои “Княз-Волконский” (вилояти Хабаровск), "Сергеевский" (Приморск), "Телемба" (қитъаи Трансбайкале), "Лагунное" ва "Успеновский" (вилояти Сахалин) аз ин машқҳо “мизбонӣ” хоҳанд кард.Эпизодҳои тактикӣ ба вариантҳои амалиёти муштараки контингентҳои низомии Русия ва кишварҳои шарик асос ёфтаанд. Муҳимтарин марҳалаи машқҳо дар "Сергеевский", ки калонтарин дар ФР аст, мегузаранд.Шиддати муайяни вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар самти стратегии Шарқ дар натиҷаи ҷанҷоли Тайван ба вуҷуд меояд, ки онро ИМА ва НАТО ба таври сунъӣ ба амал меоваранд, ки он бар зарари амнияти Чин аст.“Ҳамла”-и десантии баҳрӣ ё ҳавоӣ ба Тайван дар ҷараёни машқҳои "Восток-2022" ба нақша гирифта нашудааст, аммо Вашингтон ширкаткунандагонро бидуни далел ба эҷоди вахомати авзоъ дар атрофи Тайван (қаламрави ҶХЧ) муттаҳам мекунад. Аҳамият диҳед, ки машқҳо дар баҳри Ҷопон - ду ҳазор километр дуртар аз ҷазираи "саркаш" гузаронида мешаванд.Ташвишҳои шарқии ҒарбБа маънои амалиётӣ машқҳои "Шарқ" боз ҳам бузургтар буданд. Дар моҳи сентябри соли 2014 дар 20 тамрингоҳи заминӣ, баҳрӣ ва авиатсионии Ҳавзаи ҳарбии шарқӣ бо иштироки 100 000 нафар низомиён, бо тақрибан 1500 танк, 120 ҳавопаймо, 70 киштӣ ва 5 000 воҳид аслиҳаи дигар чунин тамринҳо сурат гирифтанд.Тамринҳои стратегии “Шарқ-2018” 300 ҳазор нафар низомӣ ва 36 ҳазор воҳид техникаи низомиро фаро мегиранд.Бо вуҷуди ин ҳайати бисёрмиллатии иштирокчиёни машқҳои "Шарқ-2022" бесобиқа буда, хоҳиши ҳамсояҳо барои бунёди низоми муштараки амнияти минтақаӣ бо Русияро ифода мекунад. Ин дастгирии боварибахши ҳарбию сиёсии ФР мебошад.Ҳайати бисёрмиллатии иштирокчиён, шумораи нерӯҳои низомӣ ва воситаҳои ҷалбшуда, миқёси ҷуғрофӣ ва сифати ташкили машқҳои "Шарқ-2022" аз ҳамтоёни НАТО дар Аврупо ва ё ҳамкории ИМА бо иттифоқчиён дар минтақаҳои дигари сайёра он қадар бартарӣ доранд, ки коллективи Ғарб ба таври назаррас дар табларза аст.Ба Вашингтон наздикшавии ошкори низомию сиёсии Русия бо Ҳиндустон ва Чин, ба маънои аслӣ "шарикии стратегӣ" - сарфи назар аз таҳримҳои Амрико ва кӯшиши таҳрими Федератсияи Русия маъқул нест.Карин Жан-Пер, сухангӯи Кохи сафед рӯзи 30 август гуфт, пайвастани Ҳиндустон ба тамринҳои низомии "Шарқ" нигарониҳоро ба бор меорад:Яъне Вашингтонро тамоми 13 иштирокчии хориҷии машқҳои Русия: Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Муғулистон, Никарагуа, Сурия, Тоҷикистон аураи "истисноӣ" вайрон кардааст. Шумораи умумии аҳолии ин мамлакатҳо бештар аз се миллиард нафарро ташкил медиҳад.Барои муқоиса дар кишварҳои НАТО тақрибан 920 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Шартҳои муайян ё "қоида"-ҳои дуру дарози ақаллиятро ба аксарияти башарият дикта кардан тамоман ғайридемократй ва бефоида аст.Дар обҳои баҳри Ҷопон, гурӯҳҳои флоти Уқёнуси ороми Федератсияи Русия ва нерӯҳои баҳрии Чин дастгирии нерӯҳои заминӣ ва дифои муштараки хатҳои баҳрӣ ва минтақаҳои фаъолияти иқтисодии баҳриро таҳия мекунанд.Бо чӣ сабабе ҳамкорињои низомии Маскав бо Пекин иттифоқчиёни аврупоии аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дур (8000 километр)-и ИМА-ро нигарон кардааст. Рӯзномаи олмонии “Der Tagesspiegel” аз Штефан Майстер, коршиноси умури Русия дар Ҷамъияти сиёсати хориҷии Олмон иқтибос овардааст, ки мегӯяд:Чунин арзёбиҳо пеш аз ҳама аз ба "идиократия"-и рӯирост табдил ёфтани демократияи Ғарб, ки барои сулҳу осоиши рӯи замин хавфнок аст, шаҳодат медиҳанд.ҶХЧ талаб кард, ки ИМА ба Пекин дар бораи дар куҷо ва бо кӣ гузарондани машқҳои ҳарбӣ дастур надихад. Нашрияи чинии “Global Times” таъкид кардааст, ки дар шароити нави ҷаҳони бисёрқутбӣ Чин, Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя бояд ҳамкориҳои низомиро барои таҳкими амнияти минтақа густариш диҳанд.Муносибатҳои дӯстонаи Чину Русия ва Русияву Ҳинд ҳеҷ гоҳ сабаби ташаннуҷ дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором набуданд. Баръакс ҳамкории стратегӣ барои сулҳу суботи минтақа муҳим аст. Мавқеи таҷовузкоронаи ИМА кӯшишҳои ҳукмронӣ кардан ва "ба сайёра роҳбарӣ кардан" ба ёдгории зиштии замони гузашта монанд аст.Принсипҳои амнияти баробар ва тақсимнашавандае, ки Русия пешниҳод кардааст, мариди иштироки Ғарби дастаҷамъӣ нест. Роҳбарияти Пентагон ба ҷаҳон танҳо аз рӯи доираи он менигарад. Марк Миллӣ, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 30 август гуфт:Тақрибан нисфи башарият ба таҳдидҳои Амрико ба сулҳ бо иштирок дар нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ дар машқҳои стратегии фармондеҳию ситодии "Ш-2022" таҳти роҳбарии Ситоди генералии Русия вокуниши муносиб нишон медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220830/nizomiyon-china-russia-mashq-razmoish-video-1051038130.html
https://sputnik.tj/20220831/hamla-nikolaev-taqozo-gharb-kisa-otash-1051073156.html
https://sputnik.tj/20220817/putin-haq-qat-kumak-gharb-ukraina-1050775964.html
чин
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051068071_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_c02b44dd75d19da0c274535283e8c6a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
тамрин, русия, тоҷикистон, чин, шарқ, амният, дифоъ
тамрин, русия, тоҷикистон, чин, шарқ, амният, дифоъ
Рекорд ва ширкаткунандагони ҷадид дар тамриноти фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022"
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Ба Вашингтон қурбати низомию сиёсии Русия бо Ҳинду Чин ба маънои аслии "шарикии стратегӣ" маъқул нест, сарфи назар аз он ки кӯшиш мекунад, Кремлро сиёҳ намояд
Машқҳои муштараки стратегии фармондеҳӣ ва ситодии "Шарқ-2022" бартарии ташкилию технологии Русия, муттаҳидон, шарикони он дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, афзоиши нуфузи низомию сиёсии СПАД ва кишварҳои СҲШ-ро нишон медиҳанд.
Машқҳои "Шарқ-2022" рӯзҳои 1-7 сентябр таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи ФР Валерий Герасимов дар ҳудуди Ҳавзаи низомии шарқӣ, дар обҳои баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар низомӣ, бо истифода аз 5000 техникаи низомӣ (аз ҷумла 140 ҳавопаймо, 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон) аз 14 кишвар - СПАД, СҲШ ва дигар шарикон баргузор мегарданд.
Гурӯҳҳои оперативии мақомоти фармондиҳӣ, ҳайатҳои низомӣ ва нозирон дар ҳафт тамрингоҳи марбути нерӯҳои хушкигард ва минтақаҳои баҳрӣ амалиёти якҷояи гурӯҳҳои ҳарбӣ ва эътилофиро тамрин мекунанд.
Ҳадафи асосии машқҳо таъмини амнияти низомии Федератсияи Русия ва муттаҳидони он дар минтақаи мавриди масъулият мебошад.
Муовини вазири дифои Русия Александр Фомин дирӯз қайд кард, ки машқҳо хусусияти дифоӣ доранд ва алайҳи давлатҳои мушаххасу иттиҳодҳои низомӣ нигаронида нашудаанд.
Фармондеҳон ва ситодҳо ба тамрини бисёрҷанба алайҳи таҷовуз дар самти Шарқ ва дар минтақаи баҳрии Шарқи Дур, баланд бардоштани мутобиқати амалиётии нерӯҳои эътилоф дар Бурдуни (Бурятия), Горячие Ключи (ҷазираҳои Курил) машғуланд. Тамрингоҳҳои “Княз-Волконский” (вилояти Хабаровск), "Сергеевский" (Приморск), "Телемба" (қитъаи Трансбайкале), "Лагунное" ва "Успеновский" (вилояти Сахалин) аз ин машқҳо “мизбонӣ” хоҳанд кард.
Эпизодҳои тактикӣ ба вариантҳои амалиёти муштараки контингентҳои низомии Русия ва кишварҳои шарик асос ёфтаанд. Муҳимтарин марҳалаи машқҳо дар "Сергеевский", ки калонтарин дар ФР аст, мегузаранд.
Шиддати муайяни вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар самти стратегии Шарқ дар натиҷаи ҷанҷоли Тайван ба вуҷуд меояд, ки онро ИМА ва НАТО ба таври сунъӣ ба амал меоваранд, ки он бар зарари амнияти Чин аст.
“Ҳамла”-и десантии баҳрӣ ё ҳавоӣ ба Тайван дар ҷараёни машқҳои "Восток-2022" ба нақша гирифта нашудааст, аммо Вашингтон ширкаткунандагонро бидуни далел ба эҷоди вахомати авзоъ дар атрофи Тайван (қаламрави ҶХЧ) муттаҳам мекунад. Аҳамият диҳед, ки машқҳо дар баҳри Ҷопон - ду ҳазор километр дуртар аз ҷазираи "саркаш" гузаронида мешаванд.
Ба маънои амалиётӣ машқҳои "Шарқ" боз ҳам бузургтар буданд. Дар моҳи сентябри соли 2014 дар 20 тамрингоҳи заминӣ, баҳрӣ ва авиатсионии Ҳавзаи ҳарбии шарқӣ бо иштироки 100 000 нафар низомиён, бо тақрибан 1500 танк, 120 ҳавопаймо, 70 киштӣ ва 5 000 воҳид аслиҳаи дигар чунин тамринҳо сурат гирифтанд.
Тамринҳои стратегии “Шарқ-2018” 300 ҳазор нафар низомӣ ва 36 ҳазор воҳид техникаи низомиро фаро мегиранд.
Бо вуҷуди ин ҳайати бисёрмиллатии иштирокчиёни машқҳои "Шарқ-2022" бесобиқа буда, хоҳиши ҳамсояҳо барои бунёди низоми муштараки амнияти минтақаӣ бо Русияро ифода мекунад. Ин дастгирии боварибахши ҳарбию сиёсии ФР мебошад.
Ҳайати бисёрмиллатии иштирокчиён, шумораи нерӯҳои низомӣ ва воситаҳои ҷалбшуда, миқёси ҷуғрофӣ ва сифати ташкили машқҳои "Шарқ-2022" аз ҳамтоёни НАТО дар Аврупо ва ё ҳамкории ИМА бо иттифоқчиён дар минтақаҳои дигари сайёра он қадар бартарӣ доранд, ки коллективи Ғарб ба таври назаррас дар табларза аст.
Ба Вашингтон наздикшавии ошкори низомию сиёсии Русия бо Ҳиндустон ва Чин, ба маънои аслӣ "шарикии стратегӣ" - сарфи назар аз таҳримҳои Амрико ва кӯшиши таҳрими Федератсияи Русия маъқул нест.
Карин Жан-Пер, сухангӯи Кохи сафед рӯзи 30 август гуфт, пайвастани Ҳиндустон ба тамринҳои низомии "Шарқ" нигарониҳоро ба бор меорад:
"Амрико аз он нигарон аст, ки ҳар кишваре бо Русия тамрин мекунад".
Яъне Вашингтонро тамоми 13 иштирокчии хориҷии машқҳои Русия: Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Муғулистон, Никарагуа, Сурия, Тоҷикистон аураи "истисноӣ" вайрон кардааст. Шумораи умумии аҳолии ин мамлакатҳо бештар аз се миллиард нафарро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса дар кишварҳои НАТО тақрибан 920 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Шартҳои муайян ё "қоида"-ҳои дуру дарози ақаллиятро ба аксарияти башарият дикта кардан тамоман ғайридемократй ва бефоида аст.
Дар обҳои баҳри Ҷопон, гурӯҳҳои флоти Уқёнуси ороми Федератсияи Русия ва нерӯҳои баҳрии Чин дастгирии нерӯҳои заминӣ ва дифои муштараки хатҳои баҳрӣ ва минтақаҳои фаъолияти иқтисодии баҳриро таҳия мекунанд.
Бо чӣ сабабе ҳамкорињои низомии Маскав бо Пекин иттифоқчиёни аврупоии аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дур (8000 километр)-и ИМА-ро нигарон кардааст. Рӯзномаи олмонии “Der Tagesspiegel” аз Штефан Майстер, коршиноси умури Русия дар Ҷамъияти сиёсати хориҷии Олмон иқтибос овардааст, ки мегӯяд:
"Чин ва Русия якҷоя ба низоми ҷаҳонии таҳти раҳбарии ИМА мухолифат мекунанд".
Чунин арзёбиҳо пеш аз ҳама аз ба "идиократия"-и рӯирост табдил ёфтани демократияи Ғарб, ки барои сулҳу осоиши рӯи замин хавфнок аст, шаҳодат медиҳанд.
ҶХЧ талаб кард, ки ИМА ба Пекин дар бораи дар куҷо ва бо кӣ гузарондани машқҳои ҳарбӣ дастур надихад. Нашрияи чинии “Global Times” таъкид кардааст, ки дар шароити нави ҷаҳони бисёрқутбӣ Чин, Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя бояд ҳамкориҳои низомиро барои таҳкими амнияти минтақа густариш диҳанд.
Муносибатҳои дӯстонаи Чину Русия ва Русияву Ҳинд ҳеҷ гоҳ сабаби ташаннуҷ дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором набуданд. Баръакс ҳамкории стратегӣ барои сулҳу суботи минтақа муҳим аст. Мавқеи таҷовузкоронаи ИМА кӯшишҳои ҳукмронӣ кардан ва "ба сайёра роҳбарӣ кардан" ба ёдгории зиштии замони гузашта монанд аст.
Принсипҳои амнияти баробар ва тақсимнашавандае, ки Русия пешниҳод кардааст, мариди иштироки Ғарби дастаҷамъӣ нест. Роҳбарияти Пентагон ба ҷаҳон танҳо аз рӯи доираи он менигарад. Марк Миллӣ, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико рӯзи 30 август гуфт:
"Шевае, ки мо дар 20 соли ахир бо ҷангҳо мубориза бурдем, аз он чӣ, ки мо бо ҷангҳо дар оянда мубориза хоҳем бурд, фарқ мекунад".
Тақрибан нисфи башарият ба таҳдидҳои Амрико ба сулҳ бо иштирок дар нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ дар машқҳои стратегии фармондеҳию ситодии "Ш-2022" таҳти роҳбарии Ситоди генералии Русия вокуниши муносиб нишон медиҳанд.