Низомиёни Чин барои ширкат дар размоиши "Шарқ-2022" вориди Русия шуданд – видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки машқҳои “Шарқ-2022” хусусияти дифоӣ доранд ва алайҳи кишварҳои мушаххас нигаронида нашудаанд
Низомиёни артиши Чин ба тамрингоҳи низомии "Сергеевск"-и назди Владивосток расиданд.
Низомиёни Чин якҷо бо низомиёни Русия дар машқҳои стратегии “Шарқ-2022”, ки аз 1 то 7 сентябр дар тамрингоҳҳои Приморск ва обҳои баҳри Охотск ва Баҳри Ҷопон баргузор мешаванд, иштирок хоҳанд кард.
Мағлубият ё ғалаба? Маълум шуд, ки Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" ҷои чандумро гирифт
Ба ин машқҳо дар маҷмӯъ беш аз 50 ҳазор нафар низомиён, беш аз 5 ҳазор техника, аз ҷумла 140 ҳавопаймову чархбол ва ҳудуди 60 киштӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар ин тамринот ба ҷуз аз низомиёни Русия ва Чин, воҳидҳои низомии Белорус, Озарбойҷон, Арманистон, Сурия, Ҳинд ва дигар кишварҳои ҳампаймон ширкат хоҳанд кард.
Иштироки Тоҷикистон дар размоиши байналмилалӣ барои таъмини амнияти Русия ва муттаҳидонаш
Вазорати дифои Русия қайд кард, ки машқҳои “Шарқ-2022” хусусияти дифоъӣ доранд ва алайҳи давлатҳои мушаххас нигаронида нашудаанд.
Видеои моро тамошо кунед, то бубинед, ки омодагӣ ба машқҳои стратегии “Шарқ-2022” чӣ гуна идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0