Дастури Раҳмон барои тағйири низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон: чӣ гуна мешавад?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе
Эмомали Рахмон с Рустамом Эмомали открыли школу №99 в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон низоми таҳсилоташро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мекунад, то мутахассисонаш дар бозори кори ҷаҳонӣ серхаридор гарданд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар мактабҳои Тоҷикистон дар назар аст, ки низоми баҳогузории нав ҷорӣ шавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати маориф дастур доданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.
Раисҷумҳур ин иқдомро "бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот" хонд.
"Вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад", — таъкид кард президент.
Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки гузариш ба имтиҳонҳои ҷории тестӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ гардад.
Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, вазифадор шуданд, ки аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсил таҳия намоянд.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Раҳмон: Имрӯзҳо инсоният дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад
Ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсил мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро президент яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати дар самти таҳсили олии касбӣ хонд.
Маврид ба зикр аст, ки 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.
Бино ба гуфти президенти кишвар соли 2022 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф рост меояд.
Ҳамин тариқ ба ин соҳа дар соли ҷорӣ 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0