Раҳмон: Имрӯзҳо инсоният дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу мураккаб шудааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии бархе кишварҳо ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ аст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Имрӯзҳо инсоният баъди қариб ҳаштод сол, яъне пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар мушкилтарин ва хатарбортарин давраи таърихи худ қарор дорад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид, ки бо дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти хос дорад.
“Сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд”,- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд.
“Ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд”,- гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки тоҷикистониён хуб медонанд, ки оқибати ҷанг танҳо даҳшату харобӣ, наҳсу қашшоқӣ, ҳалокати одамони бегуноҳ, фирори сокинон аз Ватан ва ҷойи зисти худ ва дигар мушкилоту маҳрумиятҳо мебошад.
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии гостиници в центре Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Роҳбари Тоҷикистон бар он аст, ки танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар як фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад
Вай зикр кард, ки имрӯз вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу мураккаб ва пешгӯинашаванда гардидааст, ки истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии таърихии баъзе кишварҳо ва халқу миллатҳоро таҳти хатари ҷиддӣ қарор додааст.
“Дар чунин шароити ниҳоят печидаву буҳронӣ ва дар замоне, ки раванди аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва захираҳои табиии сайёра, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи дубораи "ҷанги сард" торафт шиддат мегирад, мо вазифадорем, ки барои ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0