Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад табобатгирии “мансабдорон” дар хориҷро аз байн барад

© Pixabay / Chokniti KhongchumВрач в клинике
Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки дар кишвар сайёҳии табобатӣ рушд дода шавад, то аз хориҷ барои табобат ба кишвар оянд, на баръакс
ДУШАНБЕ, 1 сен – Sputnik. Академияи миллии илмҳои кишвар муваззаф шудааст, ки ҷиҳати дар сохтори академия таъсис додани Институти омӯзиши гиёҳҳои шифобахш чораҷӯӣ намояд ва корро доир ба муайян намудани захираи растаниҳои шифобахши кишвар вусъат бахшанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи дастур ба ин ниҳод гуфт, ки барои муайян намудани захираи растаниҳои шифобахш барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли дорувории ватанӣ низ муҳим мебошад.
“Вобаста ба истифодаи захираҳои табиат ва имкониятҳои соҳаи тандурустӣ корро тавре бояд ташкил кард, ки ба хориҷа барои табобат рафтани шаҳрвандон тадриҷан аз байн бурда шавад. Баръакс, бо мақсади саёҳати табобатӣ ба Тоҷикистон омадани хориҷиҳо афзоиш ёбад”, - гуфт кишвардор.
Пештар раисиҷумҳур аз кори соҳаи тибби Тоҷикистон интиқод карда, гуфта буд, ки мардум ба табибони тоҷик эътимод надоранд ва агар сари мақомдоре дард кунад, даррав ба хориҷа медавад.
Раисҷумҳур гуфт, ки барои рушди бахши тибби кишвар гуфт, ки масъалаҳои муҳимтарини соҳа таъминот бо доруворӣ ва бо истифода аз захираву имкониятҳои дохилӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору ва молҳои тиб ба шумор меравад.
Ба гуфти раисҷумҳур, то солҳои наздик 90 фоизи маводи фарматсевтӣ ба кишвар аз хориҷи ворид мегардид.
Президент РТ и глава Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Ифтитоҳи маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” дар Хуҷанд
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2021 ба кишвар ба маблағи умумии 1 миллиард сомонӣ доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019-ум 500 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Раисыумҳур гуфт, ки ҳоло дар кишвар дар 53 корхона истеҳсоли зиёда аз 308 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
"Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсевтии кишвар зиёда аз 700 тонна гиёҳҳои шифобахш коркард гардида, ба маблағи умумии 76 миллион сомонӣ маводи доруворӣ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 62 миллион сомонӣ зиёд мебошад", - афзуд мавсуф.
Вале Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти захираву имконоти кишвар ин нишондиҳандаҳоро қонеъкунанда намеҳисобад.
Лентаи хабарҳо
0