https://sputnik.tj/20220812/iftitohi-markazi-ortopediya-tekhnologiyai-khujand-1050671869.html
Ифтитоҳи маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” дар Хуҷанд
Ифтитоҳи маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд Маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсуси осебшиносӣ ва раддодӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад
2022-08-12T15:00+0500
2022-08-12T15:00+0500
2022-08-12T19:24+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
суғд
марказ
ифтитоҳ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050671684_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_7805cc73f416628c6808fd3efbde99ab.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.“ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.Иттилоъ дода шудааст, ки бинои Марказ аз 3 ошёна иборат мебошад, дар он ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаи рентгени рақамӣ ва стомотологӣ, ҷойгир аст.Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.Қайд карда шудааст, ки боз як самти фаъолияти Марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.Манбаъ, зикр кардааст, ки ба истифода дода шудани ин Марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандони касбу корашон гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
https://sputnik.tj/20220812/prezident-dar-khujand-ba-45-tabibu-omuzgor-khona-dod-1050665277.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050671684_66:0:1883:1363_1920x0_80_0_0_2e59a42b67735bf706a90f3e39bb4e0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, суғд, ифтитоҳ, марказ, ортопедия, технология, таҷҳизот, муҷаҳаз
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, суғд, ифтитоҳ, марказ, ортопедия, технология, таҷҳизот, муҷаҳаз
Ифтитоҳи маркази “Ортопедия ва технологияи муосир” дар Хуҷанд
15:00 12.08.2022 (Навсозишуда: 19:24 12.08.2022) Дар Хуҷанд маркази “Ортопедия ва технологияи муосир”, аввалин маркази махсуси осебшиносӣ ва раддодӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
“ҶДММ “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки бинои Марказ аз 3 ошёна иборат мебошад, дар он ташхисгоҳ, дармонгоҳ, шуъбаи рентгени рақамӣ ва стомотологӣ, ҷойгир аст.
Зимни шиносоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти тиббӣ аз Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Чин бо харҷи як миллиону яксаду панҷоҳ ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки боз як самти фаъолияти Марказ таълимӣ буда, дар он хатмкардагони донишгоҳҳои тиббӣ метавонанд такмили ихтисос намуда, давраи интернатура ва ординатураи клиникавии худро гузаронанд.
Манбаъ, зикр кардааст, ки ба истифода дода шудани ин Марказ 30 нафар мутахассисони соҳаи тиб ва дигар шаҳрвандони касбу корашон гуногун бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.