https://sputnik.tj/20220901/istikhroji-angisht-sugd-million-tonna-1051083623.html
Истихроҷи ангишт дар Суғд наздик ба як миллион тонна расидааст
Истихроҷи ангишт дар Суғд наздик ба як миллион тонна расидааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон омодагиҳо ба зимистон идома дорад. Дар вилоят ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад
2022-09-01T09:50+0500
2022-09-01T09:50+0500
2022-09-01T12:11+0500
дар тоҷикистон
суғд
ангишт
тавлид
фурӯш
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042969_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8967bf6f557b83126cd40f82ed397023.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилоят аз аввали соли 2022 ба зиёда аз 939,7 ҳазор тонна расидааст, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.Тибқи иттилои манбаъ, ин миқдор дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.“Имсол дар вилоят зиёда аз 200 адад нуқтаҳои доимӣ ва 350 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт фаъолият намуда, ниёзи мардумро қонеъ мегардонанд”,-қайд кардааст мақомоти Суғд.Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар вилоят кариб 400 нуқтаи доимӣ ва 6 нуқтаи сайёри фурӯши гази моеъ мавҷуданд. Ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки нақшаи пешбинишударо таъмин намуда, ҳаҷми захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро дар анборҳои яхдондор зиёд намоянд.Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд аст.Ҳоло дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон кор мекунанд. То охири соли 2022 дар ҷумҳурӣ истихроҷи 2,7 миллион тонна ангишт дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220828/afzoishi-tavlidu-angisht-tojikiston-1050988120.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042969_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_74281cec803b3593b2bfee3585a202dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, истихроҷ, ангишт, фурӯш, таъмин, сокинон
тоҷикистон, суғд, истихроҷ, ангишт, фурӯш, таъмин, сокинон
Истихроҷи ангишт дар Суғд наздик ба як миллион тонна расидааст
09:50 01.09.2022 (Навсозишуда: 12:11 01.09.2022) Дар вилояти Суғди Тоҷикистон омодагиҳо ба зимистон идома дорад. Дар муассисаю ташкилотҳои ин вилоят ҳоло ангишт ва ҳезум захира мекунанд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилоят аз аввали соли 2022 ба зиёда аз 939,7 ҳазор тонна расидааст, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят.
Тибқи иттилои манбаъ, ин миқдор дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.
“Имсол дар вилоят зиёда аз 200 адад нуқтаҳои доимӣ ва 350 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт фаъолият намуда, ниёзи мардумро қонеъ мегардонанд”,-қайд кардааст мақомоти Суғд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар вилоят кариб 400 нуқтаи доимӣ ва 6 нуқтаи сайёри фурӯши гази моеъ мавҷуданд. Ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки нақшаи пешбинишударо таъмин намуда, ҳаҷми захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро дар анборҳои яхдондор зиёд намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд аст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон кор мекунанд. То охири соли 2022 дар ҷумҳурӣ истихроҷи 2,7 миллион тонна ангишт дар назар аст.