https://sputnik.tj/20220828/afzoishi-tavlidu-angisht-tojikiston-1050988120.html
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон, ки феълан 14 корхонаи истихроҷи ангиштро дорад, ба нақша гирифтааст, ки то охири сол ҳудуди 2,7 млн тонна ин навъи маҳсулот тавлид намояд
2022-08-28T14:11+0500
2022-08-28T14:11+0500
2022-08-29T17:02+0500
дар тоҷикистон
саноат
ангишт
тавлид
содирот
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044159621_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_92de156ede7732a3c07c9a810aeaeeb1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон то даҳаи охири моҳи август беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, хабар дод "Ховар" аз қавли сармутахассиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Муҳиддин Давлатов. Ба иттилои Давлатов, ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 137 ҳазор тон зиёд мебошад. Ӯ афзудаст, ки соли равон нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад. Таъкид гардидаст, ки барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба миқдори 448 ҳазор тонна ангишт захира гардид, ки талаботи солонаи ин иншоот дар шаш моҳ 1 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Ба итилои Давлатов, соли ҷорӣ бинобар афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт бори аввал дар ҷумҳурӣ беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба хориҷи кишвар содир шудааст. Аз ҷумла ба Афғонистон беш аз 197 ҳазор тонна, Покистон наздик ба 110 ҳазор тонна ва ба Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот карда шудаст. Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220827/rasonaho-tojikiston-sodiroti-angisht-pokistonro-afghoniston-1050979068.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044159621_56:0:945:667_1920x0_80_0_0_61b260ef07bd4382a117a844d531c084.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тавлид, ангишт, зиёд
тоҷикистон, тавлид, ангишт, зиёд
Афзоиши тавлиду содироти ангишт дар Тоҷикистон
14:11 28.08.2022 (Навсозишуда: 17:02 29.08.2022) Тоҷикистон, ки феълан 14 корхонаи истихроҷи ангишт дорад, ба нақша гирифтааст, то охири сол ҳудуди 2,7 млн тонна аз ин маҳсул фароварӣ намояд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон то даҳаи охири моҳи август беш аз 1,2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид, хабар дод "Ховар" аз қавли сармутахассиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Муҳиддин Давлатов.
Ба иттилои Давлатов, ин нишондод дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 137 ҳазор тон зиёд мебошад.
Ӯ афзудаст, ки соли равон нақшаи истихроҷи ангишт бо назардошти талаботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 2,7 миллион тонна пешбинӣ шудааст. Аз ин ҳаҷми истихроҷ зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна ба фурӯш бароварда мешавад.
Таъкид гардидаст, ки барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба миқдори 448 ҳазор тонна ангишт захира гардид, ки талаботи солонаи ин иншоот дар шаш моҳ 1 миллион тонна пешбинӣ шудааст.
Ба итилои Давлатов, соли ҷорӣ бинобар афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт бори аввал дар ҷумҳурӣ беш аз 308 ҳазор тонна ангишт ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Аз ҷумла ба Афғонистон беш аз 197 ҳазор тонна, Покистон наздик ба 110 ҳазор тонна ва ба Ӯзбекистон 1,5 ҳазор тонна содирот карда шудаст.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.