https://sputnik.tj/20220830/ghalabai-makhfi-putin-ima-oshkor-1051029535.html
"Ғалабаи махфӣ"-и Путин бар ИМА ошкор шуд
"Ғалабаи махфӣ"-и Путин бар ИМА ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори итолиёвие гуфт, ки чӣ тавр Русия аз Иёлоти Муттаҳида чанд маротиба бартарӣ дорад ва чаро то охири соли 2022 он ғолиби боқӣ мемонад
2022-08-30T14:03+0500
2022-08-30T14:03+0500
2023-02-08T19:44+0500
има
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050121998_0:404:2921:2047_1920x0_80_0_0_f80078d4f5d8bee879cce0fe25029d54.jpg
ДУШАНБЕ, 30 август — Sputnik. "Ғалабаи махфӣ"-и президенти Русия Владимир Путин дар тараққиёти бомуваффақияти хоҷагии қишлоқи мамлакат аст. Дар ин бора рӯзномаи итолиёвии "Corriere della Sera" хабар медиҳад. Ба гуфтаи рӯзноманигор Федерико Рампини, "Хоҷагии қишлоқи Русия аз саломатӣ пур аст" ва кишвар сарфи назар аз "сенарияҳои даҳшатнок" содироти ғалларо дар соли 2022 рекордӣ мекунад. Нозир замонҳоеро ба хотир овард, ки деҳқонони Иёлоти Муттаҳида "сокинони Иттиҳоди Шӯравиро гурусна намегузоштанд".Вай гуфт, ки аз соли 2000 то 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Русия 16 маротиба афзуда, ҳоло дар Федератсияи Русия аз Амрико чанд маротиба бештар ғалла истеҳсол мешавад. Ҳарду кишвар пас аз Чин ва Ҳинд, ки бештари маҳсулоти кишоварзии худро барои ғизои 1,4 миллиард мардуми худ истифода мекунанд, дар тавлиди ҷаҳон севум ва чаҳорум ҳастанд. Рампини дар бораи таъсири гармшавии глобалӣ ба кишоварзӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар ин ҷо низ Русия дар баробари Канада ва кишварҳои Скандинавия дар мавқеи судманд қарор хоҳад гирифт.Ба гуфтаи таҳлилгар, Маскав 13-16% содироти ҷаҳонии ғалларо таҳти назорат дорад ва то охири соли 2022 содироти Русия аз сатҳи соли 2021 зиёдтар хоҳад буд, хулоса кард Рампини.
https://sputnik.tj/20220716/makfol-ima-bisyori-jonibdor-mavqe-putin-ukrainaand-1050034204.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/14/1050121998_192:0:2921:2047_1920x0_80_0_0_26a67a224f9e3982058349c3c9d3c3f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин има ғалаба
"Ғалабаи махфӣ"-и Путин бар ИМА ошкор шуд
14:03 30.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Рӯзноманигори итолиёие гуфт, ки чӣ тавр Русия аз Иёлоти Муттаҳида чанд баробар бартарӣ дорад ва чаро то охири соли 2022 он ғолиб боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 30 август — Sputnik. "Ғалабаи махфӣ"-и президенти Русия Владимир Путин дар тараққиёти бомуваффақияти хоҷагии қишлоқи мамлакат аст. Дар ин бора рӯзномаи итолиёвии "Corriere della Sera" хабар медиҳад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Федерико Рампини, "Хоҷагии қишлоқи Русия аз саломатӣ пур аст" ва кишвар сарфи назар аз "сенарияҳои даҳшатнок" содироти ғалларо дар соли 2022 рекордӣ мекунад.
Нозир замонҳоеро ба хотир овард, ки деҳқонони Иёлоти Муттаҳида "сокинони Иттиҳоди Шӯравиро гурусна намегузоштанд".
Вай гуфт, ки аз соли 2000 то 2018 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Русия 16 маротиба афзуда, ҳоло дар Федератсияи Русия аз Амрико чанд маротиба бештар ғалла истеҳсол мешавад.
Ҳарду кишвар пас аз Чин ва Ҳинд, ки бештари маҳсулоти кишоварзии худро барои ғизои 1,4 миллиард мардуми худ истифода мекунанд, дар тавлиди ҷаҳон севум ва чаҳорум ҳастанд.
Рампини дар бораи таъсири гармшавии глобалӣ ба кишоварзӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар ин ҷо низ Русия дар баробари Канада ва кишварҳои Скандинавия дар мавқеи судманд қарор хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи таҳлилгар, Маскав 13-16% содироти ҷаҳонии ғалларо таҳти назорат дорад ва то охири соли 2022 содироти Русия аз сатҳи соли 2021 зиёдтар хоҳад буд, хулоса кард Рампини.