Макфол иқрор шуд, ки дар ИМА бисёриҳо ҷонибдори мавқеи Путин дар мавриди Украинаанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Тавре ки дипломати собиқ қайд кард, бисёре аз коршиносони амрикоӣ дар ёд доранд, ки ҳам Русия ва ҳам Украина таърихи худро аз як давлати қадимии Русия медонанд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Сафири собиқи ИМА дар Маскав Майкл Макфол гуфт, бисёре аз амрикоиҳо, аз ҷумла намояндагони ҷомеаи илмӣ, ба ақидаи президент Владимир Путин дар бораи ягонагии таърихии Русия ва Украина мувофиқанд. Дар ин бора вай дар мусоҳибааш бо "Украинская правда" хабар дод.
"Дар ИМА шумораи зиёди одамоне ҳастанд, ки ба баъзе изҳороти Путин дар бораи Украина мувофиқанд: "Русҳо, украинҳо, ҳамаашон яксонанд, ҳамин тавр не? Забонҳои онҳо аслан якхелаанд, ҳамин тавр не?". Олимон ва профессорҳо дар чунин категорияҳо фикр мекунанд", - гуфт Макфол.
Тавре ки собиқ дипломат қайд кард, бисёре аз коршиносони амрикоӣ дар ёд доранд, ки ҳам Русия ва ҳам Украина таърихи худро аз як давлати қадимии Русия медонанд.
Макфол изҳор дошт, ки Вошингтон дар якҷоягӣ бо Киев бояд як навъ барномаи таълимиро амалӣ созад, ки бо кумаки он ба ҷаҳониён таърихи нави Украина, ки барои Ғарб судманд аст, таълим дода шавад.
Президент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Баҳою эътимоди русиягиҳо ба Путин маълум шуд
Владимир Путин рӯзи 12 июли соли қаблӣ мақолаи "Дар бораи ваҳдати таърихии русҳо ва украинҳо"-ро нашр кард. Дар он вай девори миёни ду мардумро "фалокати бузург" номид ва таъкид кардааст, ки соҳибихтиёрии воқеии Украина танҳо дар ҳамкорӣ бо Маскав имконпазир аст.
Президент ҳамчунин ёдовар шуд, ки русҳо, украинҳо ва белорусҳо ворисони Русияи қадим, бузургтарин давлати Аврупо мебошанд.
Дар хотима сарвари ин давлат қайд намуд, ки интихоби маънавии княз Владимир имрӯз то ҳадди зиёде робитаи хешутабории халқҳои рус ва украинро муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0