Армуғони наву мушкили куҳнаи маорифи Суғд дар Рӯзи дониш

© Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Масъулони шуъбаи маорифи Суғд дар остонаи соли нави таҳсил дар бораи ифтитоҳи чанд мактабу синфхонаи нав хабар дода, ҳамзамон аз мушкили куҳнаи ин соҳа гуфтанд
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Дар бораи баҳрабардории чанд бинои иловагии назди макотиб ва синфхонаҳои таълимӣ, ки сохтмони онҳо ба анҷом расидааст, Сайфулло Раҳматов, муовини сардори идораи маорифи Суғд хабар дод ва афзуд, ки ин армуғон барои аҳли маорифи вилоят аст.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар соли нави хониш даҳ иншооти тозабунёди соҳаи маориф аз ҷумла ҳафт бинои иловагии таълимии назди макотиб бо 33 синфхонаи ҷадид дар шаҳру навоҳии Суғд мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бино ба гуфти манбаъ, биноҳои иловагии таълим ва синфхонаҳои нав, аз ҳисоби маблағгузории ҳукумат ва саҳми соҳибкорону кумитаи падару модаран бунёд гардида дар умум онҳо 1010 хонандаро фаро мегиранд.
Молодые люди пишут пишут Звездный диктант в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Вазири маориф аз сифати таҳсил дар Тоҷикистон изҳори норизоӣ кард
“Аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 бинои иловагии таълим ва 4 синфхона барои 120 хонанда, дар шаҳри Исфара 2 бинои иловагӣ бо 7 синфхона барои 170 хонанда, дар шаҳри Истаравшан 1 бинои иловагӣ бо 8 синфхона барои 240 хонанда, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 1 бино бо 6 синфхона барои 180 толибилм ва дар ноҳияи Шаҳристон 2 бинои иловагии таълим бо 8 синфхона барои 100 толибилм дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад” – изофа намуд, Раҳматов.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони Мактаби муосири русӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар соли нави хониш дарҳояшро ба рӯи толибилмон боз мекунад. Ин мактаб, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия бунёд шудааст, имкони фарогирии 1200 хонандаро дорад.
Ба ин тартиб ҷамъи шумори мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар вилояти Суғд ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 ба 945 адад баробар шудааст, ки ин шумор дар муқоиса ба соли хониши қаблӣ 8 адад зиёд гуфта мешавад.
Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
Дар ин шумор макотиб дар умум наздики 6000 хонандаи синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки дар муқоиса ба як соли қабл шумори хонандагон наздики 15 ҳазор зиёд будааст. Дар ин давра шумори омӯзгорон ба 40 ҳазор нафар мерасад.

Мактабҳои садамавӣ яке аз мушкили кӯҳнаи маориф дар Суғд

Мактабҳои садамавӣ дар шаҳру навоҳии вилоят аз мушкили кӯҳнаи соҳаи маориф дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.
Масъулони Идораи маорифи Суғд зимни суҳбат шумори муассисаҳои таълимии садамавиро шарҳ доданд. Онҳо гуфтанд, ки баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар зарфи чанд соли охир, ҳоло шумори макотиби валангоргашта аз 46 ба 16 адад кам шудааст.
Чанде қабл роҳбарони Идораи маорифи Суғд омори муассисаҳои таълимии садамавиро шарҳ доданд, ки дар шаш шаҳру навоҳии вилоят боқӣ мондаанд.
“Корҳои сохтмонӣ дар МТМУ № 10 дар ноҳияи Айнӣ, МТМУ № 30 ва 41 и ноҳияи Деваштич, МТМУ № 18, 48, 50 и шаҳри Истаравшан, МТМУ № 9, 52 и шаҳри Исфара, МТМУ № 9, 12, 17, 18 и шаҳри Конибодом, МТМУ № 23, 45 и шаҳри Панҷакент ва МТМУ № 8 ва 12 и ҳанӯз оғоз нагардидаанд ва садамавӣ ба ҳисоб мераванд” - гуфтанд, дар Идораи маориф.
Бино ба арзёбии масъулини Идораи маориф таъмиру азнавсозии чунин макотиб ба нақша гирифта шудааст ва то чаҳор соли баъд ба иҷро расонида хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0