https://sputnik.tj/20220614/elon-ikhtisos-purtalab-dovtalabon-tojikiston-1049188324.html
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон се ихтисосеро ном бурд, ки довталабон соли равон барои гирифтанашон ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд
2022-06-14T19:55+0500
2022-06-14T19:55+0500
2022-06-14T19:58+0500
дар тоҷикистон
маориф
маркази миллии тестӣ
ҳуҷҷатсупории довталабон
таълими ихтисоси нав
ҳуқуқ
тиббӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_f32ee543b19f145c22f4a3b711c899c0.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Довталабони дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ бештар ихтисосҳои тиб, ҷамеашиносӣ ва ҳуқуқро интихоб намудаанд. Дар ин бора "Ховар" аз қавли Абдулвосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, хабар додаст. Ба иттилои Шодиниё, дар марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон, бештари ҳуҷҷатҳо ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум "Тиб, биология ва варзиш" супорида шудаанд. Дар ҷойи дуюм ихтисосҳои 4-ум - "Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ" ва ҷойи сеюм ихтисосҳои 3-юм - "Филология, педагогика ва санъат" қарор гирифтаанд. Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, довталабон ба ин ихтисосҳо аз нақшаи пешниҳодгардида бештар ҳуҷҷат супориданд. Дар феҳрасти довталабон хатмкардаҳои синфи 11-ум нисбати соли гузашта камтар буда, теъдоди хатмкардаҳои синфи 9 нисбати соли қаблӣ бештар ба қайд гирифта шудаст. Дар зимн таъкид шудаст, ки Маркази миллии тестии назди раисҷумҳур марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавиро мушаххас кардаст, ки аз 10 то 30‑юми июнро дар бар мегирад. Манбаъ афзуд, бархилофи нақшаҳои қаблӣ, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон бояд танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ин кор роҳандозӣ мегардад."Хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт муроҷиат кунанд", - омадааст дар иттилоия.Инчунин таъкид шудааст, довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ - аз 1 март то 30 апрел худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, ин имконро дар марҳилаи иловагӣ доранд.Ба иттилои ММТ, довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ номнавис мешаванд ва ё аз нав ба қайд гирифта мешаванд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ рӯзи 12 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.
https://sputnik.tj/20220613/tahsil-rusiya-khujand-1049154206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_81:0:893:609_1920x0_80_0_0_1e6ec79a3df74157604e389a8ad07310.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
довталабон, тоҷик, ихтисос, кадом, интихоб
довталабон, тоҷик, ихтисос, кадом, интихоб
Эълони се ихтисоси пурталаб миёни довталабони таҳсил дар Тоҷикистон
19:55 14.06.2022 (Навсозишуда: 19:58 14.06.2022) Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон се ихтисосеро ном бурд, ки довталабони онҳо дар соли равон дар кишвар зиёданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Довталабони дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии олӣ ва касбӣ бештар ихтисосҳои тиб, ҷамеашиносӣ ва ҳуқуқро интихоб намудаанд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли Абдулвосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, хабар додаст.
Ба иттилои Шодиниё, дар марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон, бештари ҳуҷҷатҳо ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум "Тиб, биология ва варзиш" супорида шудаанд.
Дар ҷойи дуюм ихтисосҳои 4-ум - "Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ" ва ҷойи сеюм ихтисосҳои 3-юм - "Филология, педагогика ва санъат" қарор гирифтаанд. Ба иттилои Маркази миллии тестӣ, довталабон ба ин ихтисосҳо аз нақшаи пешниҳодгардида бештар ҳуҷҷат супориданд.
Дар феҳрасти довталабон хатмкардаҳои синфи 11-ум нисбати соли гузашта камтар буда, теъдоди хатмкардаҳои синфи 9 нисбати соли қаблӣ бештар ба қайд гирифта шудаст.
Дар зимн таъкид шудаст, ки Маркази миллии тестии назди раисҷумҳур марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавиро мушаххас кардаст, ки аз 10 то 30‑юми июнро дар бар мегирад.
Манбаъ афзуд, бархилофи нақшаҳои қаблӣ, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон бояд танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ин кор роҳандозӣ мегардад.
"Хоҳишмандони иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт муроҷиат кунанд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин таъкид шудааст, довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ - аз 1 март то 30 апрел худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, ин имконро дар марҳилаи иловагӣ доранд.
Ба иттилои ММТ, довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ номнавис мешаванд ва ё аз нав ба қайд гирифта мешаванд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ рӯзи 12 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.