https://sputnik.tj/20220830/afzoishi-voridoti-khudrav-tojikiston-1051034256.html
Афзоиши беш аз 16-дарсадии воридоти худрав ба Тоҷикистон
Афзоиши беш аз 16-дарсадии воридоти худрав ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти худрав хабар медиҳанду аммо иттилоъ намедиҳанд, ки чӣ қадар нақлиёт ба кишвар ворид шудааст
2022-08-30T16:18+0500
2022-08-30T16:18+0500
2022-09-01T13:32+0500
дар тоҷикистон
воридот
худрав
мошин
нақлиёт
бозор
омор
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101575/21/1015752161_0:27:1600:927_1920x0_80_0_0_0856db66500ad3ad3809ee01cc385ab6.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Аз аввали сол воридоти худрав аз хориҷ ба Тоҷикистон 16,5 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст хадамоти гумурки кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, маблағи воридот нақлиёт дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 221,9 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 дарсад зиёдтар будааст.Аммо дар бораи шумори дақиқи воридоти нақлиёт гуфта нашудааст.Тибқи иттилои омори дар бозори фурӯши нақлиёти дохилии Тоҷикистон ба маблағи 480,5 миллион сомонӣ мошин фурӯхта шудааст.Инчунин мақомот аз содироти нақлиёт низ хабар медиҳад. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон содироти худрав ба хориҷ аз кишвар 5,1 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дарсад коҳиш ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ танҳо истеҳсоли автобусҳои мусофирбар ва тракторҳо барои бахши кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.Аксари худравҳое, ки ба бозорҳои фурӯши Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Амароти мутттаҳидаи Араб ворид карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220705/voridot-moshin-tojikiston-afzoish-1049748053.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101575/21/1015752161_530:0:1600:802_1920x0_80_0_0_c952dec8d2a705a7ae447765bb7b464e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, воридот, мошин, худрав, бозор, нақлиёт, афзоиш
тоҷикистон, воридот, мошин, худрав, бозор, нақлиёт, афзоиш
Афзоиши беш аз 16-дарсадии воридоти худрав ба Тоҷикистон
16:18 30.08.2022 (Навсозишуда: 13:32 01.09.2022) Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши воридоти худрав хабар медиҳанд, аммо иттилоъ намедиҳанд, ки чӣ қадар воситаи нақлиёт ба кишвар ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Аз аввали сол воридоти худрав аз хориҷ ба Тоҷикистон 16,5 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст хадамоти гумурки кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, маблағи воридот нақлиёт дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 221,9 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 дарсад зиёдтар будааст.
Аммо дар бораи шумори дақиқи воридоти нақлиёт гуфта нашудааст.
Тибқи иттилои омори дар бозори фурӯши нақлиёти дохилии Тоҷикистон ба маблағи 480,5 миллион сомонӣ мошин фурӯхта шудааст.
Инчунин мақомот аз содироти нақлиёт низ хабар медиҳад. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон содироти худрав ба хориҷ аз кишвар 5,1 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ танҳо истеҳсоли автобусҳои мусофирбар ва тракторҳо барои бахши кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Аксари худравҳое, ки ба бозорҳои фурӯши Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Амароти мутттаҳидаи Араб ворид карда мешаванд.